Ба кормандони ВАО усулҳои муосири муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ омӯзонида шуданд
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дурустии пешгӯиҳои обуҳавошиносии мамлакат то 85 фоизро ташкил медиҳад, ки дар ин самт нишондиҳандаи баланд мебошад.
Ин нукта зимни семинари омӯзишиву машваратие, ки имрӯз бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Усулҳои муосири муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ тариқи ВАО» баргузор шуд, баён гардид.
Директори Агентии обуҳавошиносӣ Диловаршоҳ Дӯстзода иброз дошт, ки ҳамоиши мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи давлатии сармоягузории «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» роҳандозӣ шуда, мақсад аз он ба роҳ мондани пешгӯиҳои вазъи обу ҳаво, огоҳ намудан аз пайомадҳои фавқулодаи табиӣ дар сатҳу сифати баланд мебошад.
Диловаршоҳ Дӯстзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки маълумоте, ки аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ пешниҳод мешавад, бархе воситаҳои ахбори омма бинобар надонистани тарзу усулҳои пешниҳод ва кам кардани маълумоти пешниҳодшуда сифати онро паст менамоянд, ки ин сабаби коҳиш ёфтани нуфузи Агентӣ ва нобоварии аҳолӣ ба маълумоти пешниҳодшуда мегардад.
Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева зикр намуд, ки «имрӯз Агентӣ дар самти пешгӯӣ ва пешниҳоди маълумот хеле пеш рафта, ба дастовардҳои зиёде ноил шудааст. Имрӯз шуъбаи пешгӯии боду ҳаво аз усулҳои муосир истифода мебарад. Агентӣ имрӯз дар ин самт аз моделҳои аврупоӣ, Россия ва Германия истифода намуда, шомили марказҳои пуриқтидори ҷаҳонӣ мебошад ва бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ низ дорад».
Имрӯз Агентии обуҳавошиносӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 56 шабакаи обу ҳавосанҷӣ ва 98 дидбонгоҳ мебошад.








Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Зафарободу Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегарданд
Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид






