Бахшида ба ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ видеоконфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба муносибати ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Бозшинохти мероси андеша ва дониши Камоли Хуҷандӣ» ба тариқи маҷозӣ баргузор намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар конфронс раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО Сарвар Бахтӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Теҳрон Абдулғафури Ливол, Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Озарбойҷони Шарқии Эрон Муҳаммадризо Пурмуҳаммадӣ суханронӣ карда, ҷашни ғазалсарои бузурги Машриқзаминро ба мухлисони шеъру адаб дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои дигари узви ЭКО шодбош гуфтанд.
Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки бо ибтикори хушоянди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО дар соли 1996 ҷашни 675 — солагӣ ва дар соли 2020 ҷашни 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба таври густарда таҷлил гардиданд ва дар тарғиби осори мондагори шайх Камол ва ба кор гирифтани омӯзаҳои мероси ӯ дар тарбияи маънавиву ахлоқии насли имрӯз нақши муҳим гузоштанд. Иштирокдорон Камолро ҳалқаи васли бисёре аз кишварҳои узви ЭКО унвон намуда, ҷойгоҳи ӯро дар ғазалсароии Шарқ сутуданд ва бар омӯзиши ҳарчи бештари афкору андешаҳои ӯ чун мазҳари арзишҳои асили умумибашарӣ таъкид намуданд.
Дар конфронс ҳамчунин донишмандон ва камолпажӯҳони маъруф аз Тоҷикистон (профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудов), Афғонистон (профессори Донишгоҳи Кобул Сарвирасо Рафеъзода) ва Эрон (Раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ Ҳасани Булхорӣ, Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашрафи Шабистарӣ, Раиси Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи шаҳид Биҳиштӣ Аҳмади Хотамӣ, устоди Донишгоҳи Табрез Муҳаммадбоқири Садриниё, устоди Донишгоҳи Бушаҳр Муҳаммадкозими Муҳаммадӣ ва дигарон) дар бораи паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ, аз ҷумла таърихи омӯзиши эҷодиёти шоир дар Шарқ ва Ғарб, ҷойгоҳи ӯ дар рушди ғазалсароӣ ва афкори ирфонӣ, муштаракоти ғазалҳои Камол ва Ҳофиз, иртиботи ашъори Камол бо осори шоирони пешину ҳамзамони ӯ, таъсири ашъори Камол ба шуарои баъдӣ, мақоми Табрез дар зиндагӣ ва эҷодиёти шоир ва ғайра маърӯза намуда, рамзу рози мондагории осори Камолро шарҳ доданд. Дар миёни суханрониҳо видеоклипҳо аз оромгоҳи Камол дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Табрез, сурудҳои овозхонҳои тоҷик бар ашъори ин суханвари камназир ва намунаҳои хаттотии абёти ӯ намоиш дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки соли равон ба муносибати ҷашни 700 – солагии Камоли Хучандӣ Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон китобҳои «Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ» ва «Чиҳил дарси Камол» — ро ба хатти форсӣ чоп намуда, албоми сурудҳои овозхонҳои тоҷик бар ашъори Камолро мунташир кард. Ҳамчунин намоишгоҳи маҷозии осори хушнависӣ ва наққошӣ таҳти унвони «Булбули чаманҳои Хуҷанд» манзури иштиродорон гардид.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






