Барои дарёфти беҳтарин лоиҳаи тиҷоратию инноватсионӣ дар соли 2020 миёни ҷавонон озмун эълон гардид

Декабрь 24, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба дарёфти беҳтарин лоиҳаи тиҷоратию инноватсионӣ дар соли 2020 миёни ҷавонон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон  кард. Озмуни мазкур  аз рӯи номинатсияҳои интернет-соҳибкорӣ, соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсолот, соҳибкории иҷтимоӣ, соҳибкории инноватсионӣ ва хизматрасонӣ доир шуда, дар он ҷавонони аз 14 то 30-сола бо лоиҳаҳои худ метавонанд иштирок намоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи  мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, беҳтарин лоиҳаи тиҷоратии инноватсионӣ барои амалигардонии қадамҳои аввал аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ то 25 январи соли 2021 муайян шуда, хоҳишмандон метавонанд лоиҳаҳои худро тариқи почтаи ozmun.sohibkori-javon@mail.ru  иросол  кунанд ва ё бо телефонҳои 236-37-26, 901-905-919 дар тамос шаванд.

Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионию тиҷоратӣ миёни ҷавонон ва нафароне, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, эълон гардидааст.

Декабрь 24, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд