БИДУНИ БАРФ. Дар Соли нав дар Тоҷикистон сокинон се рӯз истироҳат мекунанд

Декабрь 26, 2020 11:38

ДУШАНБЕ, 26.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар рӯзҳои ҷашнии Соли нав  шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз  — 1, 2 ва 3 истироҳат хоҳанд кард.  

Тибқи тақвим, имсол Соли нав ба рӯзи ҷумъа рост меояд, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид» истироҳат аст. Шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти рӯзҳои истироҳат дар аввали моҳи январ   се рӯз дам хоҳанд гирифт.

Соли гузашта низ дар Тоҷикистон шаҳрвандон се рӯз — 30, 31 ва 1 январ истироҳат карда буданд.

Сардори Маркази обуҳавошиносии  ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар Соли нав барф ва сардиҳои шадид пешгӯӣ намешавад. Аммо бориши барф чанд рӯз пеш аз омадани соли 2021 ба амал хоҳад омад.

Ҳамин тавр, аллакай аз 26 то 27 декабр дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, барф меборад ва   ҳаво  сард мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат аз +4 то -15 дараҷа ва дар минтақаи баландкӯҳи Бурункӯли ВМКБ то 31-33 дараҷа сардӣ пешбинӣ шудааст!

То 30-юми декабр боду ҳаво барқарор шуда,  ҳавои абрнок ва соф пешбинӣ мегардад.“Аз 31 декабр то 1 январ боридани борон пешбинӣ нашудааст», — гуфт  Ҷамила  Байдуллоева.

Ҳамзамон, мутахассиси Маркази обу ҳавошиносӣ иброз намуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво каме абрнок хоҳад буд ва ҳарорати миёнаи он дар мамлакат тақрибан + 5 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

                              АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 26, 2020 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»