Бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022
ДУШАНБЕ, 16.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ аз рўи зинаҳои бакалавриат (4-5 сол), магистратура ва PhD (2+2 сол) ҷудо намудааст.
Таҳсил дар донишгоҳҳои Венгрия бо забонҳои венгерӣ ва англисӣ б роҳ монда шудааст. Донишҷўёне, ки таҳсилро бо забони венгерӣ ба роҳ мемонанд, соли аввал курси омўзиши забони венгериро гузашта, аз соли дуюм аз рўи ихтисоси интихобнамудаашон таҳсил менамоянд.
Донишҷўёне, ки таҳсилро бо забони англисӣ интихоб менамоянд, дар соли аввали таҳсил курси забони венгериро низ дар қатори дигар фанҳо омухта, дар охири сол аз он имтиҳон месупоранд. Дар сурати нагирифтани холи қаноатбахш аз он, маблағи стипендияи онҳо барои солҳои минбаъда кам карда мешавад.
Донишгоҳҳои Венгрия вобаста ба ихтисосҳои гуногун сертификатҳои сатҳи байналмилалии TOEFL, IELTS ва инчунин сертификатҳои намунаи Advance ва Upper – Intermedate-ро талаб менамоянд. Аз ин лиҳоз ба довталабон зарур аст, ки пеш аз интихоби донишгоҳ ва ихтисос ба талаботҳои вобаста ба сертификати забондонӣ пешниҳоднамудаи онҳо шинос шаванд.
Дар доираи бурсияҳои мазкур ҷониби Венгрияи чунин шароитҳоро пешниҳод намудааст:
- Таҳсили ройгон;
- Хобгоҳи ройгон;
- Суғуртаи тибби;
- Стипендияи моҳона — барои донишҷўёни зинаҳои бакалавр ва магистратура 120 евро ва барои донишҷўёни зинаи PhD 415 евро (2 соли аввал), 530 евро (2 соли охир) пардохт карда мешавад.
Қабули хуҷҷатҳо тариқи онлайн дар сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu/ то санаи 15 январи соли 2020 идома меёбад. То ин муддат довталабон бояд, ки худро дар сомонаи мазкур тариқи онлайн номнавис намуда, тамоми хучҷҷатҳои лозимаро дар шакли электронӣ (сканершуда) ба кабинети инфиродии худ пешниход намояд.
Ҳуҷҷатҳо ва талаботи онҳо:
- Анкета — тариқи онлайн бо забони англисӣ пур карда, сурат гузошта шавад;
- Мактуби ҳавасмандӣ — (motivation letter) бо шрифти Times New Roman (ҳаҷми ҳарф 12) на камтар аз як саҳифа;
- Хуҷҷати тасдиқунандаи дараҷаи забондонӣ (сертификат) бо тарҷумаи забони интихобнамудаи таҳсил;
- Танскрипсияи баҳоҳо бо тарҷумаи забоне, ки товталаб таҳсилро интихоб намудааст;
- Маълумотномаи тиббии шакли байналмилалӣ, маълумотнома оид ба ВИЧ/СПИД (AIDS), гепатитҳои A, В ва С (бо тарҷумаи забони англисӣ дар сурате, ки маълумотномаҳо бо забони тоҷикӣ дастарс шуда бошанд);
- Нусхаи шиносномаи хориҷӣ, довталабоне, ки шиносномаи хориҷӣ надоранд, то дастрас намудани он метавонанд шиносномаи тоҷикии худро пешниҳод намоянд;
- Аттестат – (танҳо барои зинаи бакалавр) аттестати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил (англисӣ ва ё венгерӣ);
- Диплом — барои магистратура дипломи муассисаи таҳсилоти олӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил;
- Нақшаи тадқиқотӣ (research plan), (танҳо барои зинаи PhD);
- Ду тавсиянома (recommendation letter).
- Тасдиқнома (declaration) – дар сурате, ки довталабон дар соли охири таҳсил қарор доранд ва ҳоло аттестат/дипломи худро дастрас накардаанд, ҳангоми номнависӣ (регистрация) маълумотнома аз муассисаи худ оид ба таҳсил ва тасдиқнома бо имзои шахсии худ дар хусуси то санаи 1-уми августи соли 2021 пешниҳод намудани аттестат/дипломи худ манзур намоянд.
Инчунин, довталабоне, ки сертификатҳои забондонии худро ҳоло дастрас накардаанд, ба онҳо низ зарур мебошад, ки тасдиқнома (declaration) бо имзои шахсии худ дар хусуси то санаи 1-уми августи соли 2021 пешниҳод намудани сертификати худ худ манзур намоянд.
Нусхаи аслии ҳаммаи ҳуҷҷатҳои зикршударо бо забони интихобшудаи таҳсил тарҷума намуда, дар шакли электронӣ (сканершуда) ба кабинети инфиродӣ ҷойгузорӣ карда шаванд.
Довталабон метавонанд ба ғайр аз ихтисоси интихоб намудаашон, ихтисоси дуюми иловагӣ низ (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббӣ) интихоб намоянд. Дар сурате, ки довталаб аз имтиҳони ихтисоси интихобнамудааш ноком мегардад, он ба имтиҳони ихтисоси иловатан интихобнамудааш роҳ меёбад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи болозикр бо забонҳои англисӣ ва венгерӣ дастарс мебошад.
Тамос: Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: +992 (37) 2213033
Email: umomort@gmail.com








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






