Дабири кулли СААД аҳамияти авлавияти Тоҷикистонро дар давраи раёсаташ таъкид намуд

Декабрь 18, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Дабири кулли СААД Станислав Зас баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, сафир ба Дабири кулл аз авлавияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар Созмони мазкур, ки ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини амният ва ҳаёти осудаи мардумони давлатҳои узви СААД равона шудааст, маълумот дод.

Станислав Зас  аҳамияти авлавияти Тоҷикистонро барои фаъолияти СААД, ки масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳоро дар бар мегиранд, таъкид намуд.

Ҷонибҳо масоили татбиқи авлавияти Тоҷикистонро зимни раёсаташ дар СААД дар солҳои 2020-2021 мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 18, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад