Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба поси хотири Ширин Бунёд маҳфили адабӣ баргузор гардид

Декабрь 17, 2020 11:56

ХОРУҒ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба поси хотири Шоири Халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки дар он олимону шоирон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ ширкат варзиданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, доктори улуми филология Назрӣ Офаридаев нақши ин  шоири шаҳири тоҷикро дар  ташкил, тавсеа ва рушди ҳавзаи адабии Бадахшон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки “маҳз бо саъю талоши ӯ “Маҳфили адибони Бадахшон” таъсис дода шуд. Маҳфил 40 шахсияти шинохтаи эҷодиро гирди ҳам овард, ки баъдан зиёда аз 10 нафари онҳо ба узвияти  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Бо мурури замон дар заминаи ҳамин маҳфил шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Бадахшон таъсис дода шуд ва раҳбарии он ба уҳдаи Ширин Бунёд гузошта шуд. Ҳоло шогирдонаш Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Лутфишоҳи Қиматшоҳ, Рудобаи Мукаррам миёни аҳли илму адаб ҷойгоҳи хос пайдо намуда, дар пешрафти фарҳанг, забон ва адабиёти тоҷик нақши муассир мегузоранд”.

Раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан гуфт, ки “устод Ширин Бунёд фидоии ҳақиқии ватану миллат буда, дар баробари даҳҳо шогирдон ҳамчунин аз худ осори пурзаковату пурмазмун, ба шумули «Шоҳроҳи ваҳдат», «Зартеғ», «Шоҳи тирандоз», «Шерозаи ваҳдат» ва амсоли инҳо ба мерос гузошт. Мавсуф давоми даҳ сол раҳбарии Идораи радио ва телевизиони Бадахшонро бар зимма дошт ва даҳҳо нафар рӯноманигоронро тарбияю ба воя расонд, ки ҳоло дар рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи мамлакат адои вазифа менамоянд”.

Ҳукумати ҷумҳурӣ хизматҳои шоёни Ширин Бунёдро дар пешрафти илму фарҳанг ва таҳкими ваҳдат ба инобат гирифт ва мактаби зодгоҳаш ба номаш гузошта шуд. Бо ибтикори омӯзгорону хонандагон дар таълимгоҳи мазкур осорхона ташкил карда шудааст.

 

Декабрь 17, 2020 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид