Дар Хатлон 5000 нусха китобҳои пешниҳоднамудаи Нашриёти «Адиб» дар 2 соат харидорӣ шуданд
ДУШАНБЕ,12.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид. Мояи ифтихор ва хушҳолист, ки давоми ду соати баргузории ин намоиш-фурӯш 5000 нусха китобҳои пешниҳоднамудаи муассисаи мазкур пурра ба савдо рафтанд, ки ин бори дигар аз муҳаббати беандозаи ҳамватанони мо ба китоб ва арҷгузорӣ ба он дарак медиҳад.
Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш-фурӯши китоб намояндагони соҳаҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷамъ омада, асарҳои писандидаи хешро дарёфт мекарданд ва шоиру нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос шуда, дар китобҳои харидаашон соядаст мегирифтанд.
«Бахусус аз фаъолнокии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбаладии ректори муасисса Сайфиддин Давлатзода дар ин намоиш –фурӯши китоб ба ваҷҳ омадем. Таваҷҷуҳи ихлосмандон ба осори тозанашри адибони классику муосири тоҷику форс ва ҷаҳон манзараи боварнокарданиро мемонд. Ҳозирин дар талоши интихоби китоб чунон саргарм шуданд, мисли шахсе, ки муддати тӯлонӣ ғизо нахӯрда бошад. Кош, ҳама муассисаҳои таълимӣ ба китобу китобхонӣ чунин муносибат мекарданду роҳбаронашон мисли Давлатзода Сайфиддин масъулиятшинос мебуд. Ана инро мегӯянд, ҳамовозӣ ба дастури Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби толибилмон ба китобу китобхонӣ»,- афзуд Давлат Сафар.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, адибони шинохта Камол Насурулло, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Озар, Акбар Абдулло ва Рустами Хомарахш, ки дар ин маъракаи фарҳангӣ ширкат доштанд, аз таваҷҷуҳи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирӣ намудани иқдоми навбатии Нашриёти АДИБ, ки дар партави Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» сурат мегирад, изҳори хушҳолӣ карданд.
Дар намоиш-фурӯши китоб ҳунармандони шинохта Чилахон Холов ва Амриддини Кабир бо сурудҳои дилнишин хотири ҳамагонро шод гардонида, ба он шукуҳи хосса бахшиданд.












Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






