Дар Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Ситод оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд

Декабрь 4, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 04.12.2020/АМИТ «Ховар»/. То 1-уми декабри соли равон нақшаи зимистонгузаронӣ дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон  беш аз сад фоиз иҷро гардида, 579 муассисаи таълимӣ дар вилоят ба хатти озоди барқ таъмин ва шишабандии муассисаҳо низ пурра иҷро шудааст. Чунин зикр шуд дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021», ки таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода 2 декабр баргузор гардида, дар он омодагӣ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ситод ҳамзамон роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳо ва ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони шабакаҳои барқ, муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо  ширкат намуда, ҷараёни омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба давраи зимистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои санҷиши ҷараёни омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ анҷом дода шуд, сухан  карда, гуфт, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва гурӯҳҳои корӣ барои иҷрои нақшаи зимистонгузаронӣ бояд дар якҷоягӣ бо идораву муассисаҳо корҳоро ҷоннок намоянд.

Зикр шуд, ки нақшаи захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят то 95 фисад иҷро гардидааст ва ба иттилои масъулин, тайи чанд рӯзи оянда иҷрои нақша барзиёд таъмин хоҳад шуд.

Ҳамчунин нақшаи захираи регу намак дар муассисаҳои давлатии идораи роҳсозии шаҳру ноҳияҳо пурра иҷро гардида, техникаҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ҳолати зимистонгузаронӣ дар шабакаҳои барқи ҷанубӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1 декабр аз 60 то 100 фисад иҷро гардидааст. Аммо, мутаассифона, дар баъзе ҷамоатҳои деҳот бо сабаби бунёди маҳаллаҳои нав норасоии симчӯб ба чашм мерасад. Аз Вазири энергетика ва захираҳои об даъват карда шуд, ки дар таъмини шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо бо трансформатор ва симчӯбҳои нав мусоидат намояд.

Дар ҷараёни кори ситод муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода  ва раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода оид ба самараноку оқилона истифода бурдани неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон изҳори назар намуданд. Зикр шуд, ки бо сабабҳои ба ҳамагон маълум- кам будани об дар обанбори неругоҳҳои барқи обӣ, зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани неруи барқ эҳтиёҷ ба неруи барқ дар қаламрави мамлакат афзудааст.

Гуфта шуд, ки ҳамагон бояд аз маданияти истифодаи неруи барқ бархӯрдор бошанд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро бе зарурат истифода набаранд ва ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Декабрь 4, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?