Дар Ишкошим бо охирин иштирокчии ҶБВ Сафар Сайфов видоъ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими видоъ бо охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафар Сайфов доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ин маросим муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ВМКБ М. Гавҳаров, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода иштирок карда, оид ба хизматҳои ин марди шуҷоъ сухан гуфтанд.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода аз хизматҳои ин шахсияти барӯманд ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки «Сафар Сайфов инсоне буд, ки тамоми неруяшро баҳри хизмат ба меҳану мардуми диёри хеш бахшида, барои озодии Ватан дар мубориза бо истилогарони фашистӣ сина сипар намуда буд. Чунин шахсиятҳо намиранда буда, ҷои онҳо дар дилу дидаи ҳамдиёрон то абад боқӣ мемонад».
Сафар Сайфов 9 майи соли 1924 дар деҳаи Систи ноҳияи Ишкошим дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1931 дар 7-солагӣ дар мактаби 7-солаи деҳаи зодгоҳаш ба таҳсил фаро гирифта шуда, то соли 1936 дар ин мактаб таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаб дар хоҷагии ҳамдасти (колхози) «Коммунизм» ба сифати коргарӣ одӣ кор кардааст.
3 сентябри соли 1943 барои хизмати аскарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. Сафар Сайфов қисмати тайёрии аввалини ҳарбиро дар муддати 40 рӯз дар шаҳри Сталинобод (ҳозира шаҳри Душанбе) аз худ намуда буд. Охири моҳи октябри соли 1943 ба фронти Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристонида мешавад. Аз соли 1943 то моҳи майи соли 1944 дар фронти якуми Украина, полки 695-уми тирандозӣ таҳти сарфармондеҳи генерали армия Ватутин Н.Ф. ҷангидааст. Дар озод кардани шаҳрҳои Украина ва Руминия иштирок доштааст. 17 апрели соли 1945 дар яке аз задухӯрдҳо сахт ярадор шуда, ҳамон сол аз сафи Армияи Шӯравӣ рухсат мегардад.
То соли 1961 дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла корманди масъули шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ишкошим, шуъбаи алоқаи ноҳияи Ишкошим фаъолият намудааст. Баъди ин дар вазифаҳои гуногун дар хоҷагии ҳамдастии (колхози) «Гармчашма», баъдан хоҷагии шӯравии (совхози) «Бадахшон» фаъолият намудааст. Моҳи майи соли 1984 ба нафақаи пиронсолӣ баромадааст.
Сафар Сайфов зиндагии ибратомӯзашро сарфи хизмат ба Ватан ва давлати хеш намудааст. Дар ҳаёти бобаракаташ кӯшишу талошҳои вай баҳри адлу адолат, ободиву созандагӣ нақши ҷиддие доранд. Барои мардонагӣ, саҳми арзанда дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо Ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 2, медалҳои «20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (соли 1965), «30-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»(1975), «40-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1985), «50-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1995), «60-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (2005), «65-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (2010), «Барои хизматҳои ҷангӣ», «100-солагии Жуков» (1996), 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» (1988) ва ифтихорномаҳои зиёде сарфароз гардонида шудааст.
Инсонҳое ба мисли Сайфов Сафар ҳаргиз намемиранд. Онҳо дар дилу дидаи мардум бо кори неку номи нек, бо хислатҳои олии мардумдӯстӣ, садоқат ба Ватан, далериву мардонагӣ асрҳо ҷойгузин хоҳанд монд.
Ба қавли шоир:
Зиндаву ҷовид монд ҳарки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.








Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






