Дар Китобхонаи миллӣ даври ниҳоии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад

Декабрь 8, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  мебошад.

Аз вилояти Хатлон таҳти  роҳбарии сардори Раёсати фарҳанг Аловиддин Абдуллозода  79 нафар омадаанд, ки дар 5 номинатсия иштирок меварзанд.

Мавсуф зимни суҳбат бо мо  гуфт, ки соли гузашта ба вилояти Хатлон ҷоизаи ифтихории ин озмун расида буд. «Имсол ният дорем ҷоизаҳоро бештар намоем ва барои ин довталабони мо ба озмуни имсола бо тайёрии пухтаю ҷиддӣ омадаанд. Хеле хушҳолам, ки таваҷҷуҳи мардум ба китобу китобхонӣ зиёд шудааст. Вақте ин ғунчаҳои китобхони меҳанро мебинӣ, ки барои омӯхтани илму дониш, ташаккули ҷаҳонбинию забондонӣ ҷаҳду талош меварзанд,  албатта, ояндаи неку дурхашони Тоҷикистон ба назаратон намоён мешавад. Ман ба ҳама иштирокчиёни озмун аз Бадахшону Суғд, Хатлону Ҳисору Раштонзамин ва ба ҳамаи иштирокдороне, ки бо орзуву умед омадаанд,  барор мехоҳам»,- иброз намуд Аловиддин Абуллозода.

Озмуни имсола  аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудааст.

Раиси номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» Муртазо Зайниддинзода гуфт, ки маълум аст имсол иштирокдорон бо тайёрии ҷиддӣ омадаанд. «Ҳар камбудие, ки соли нахуст буд, он имсол суфта шудааст. Онҳое, ки соли дуюм иштирок мекунанд, хеле суҳбаташон озод аст, ба ҳар чизе, ки соли аввал ҳакамон эрод гирифта бошанд, онро ислоҳ кардаанд, теъдоди асарҳои мутолианамудаашон ҳам зиёд шудааст. Як чизи фарқкунандаи озмуни имсола  тарзи суҳбату забондонӣ, баёни андешаи озод, ба баҳсҳо ворид шудану ҷасорати довталабон  мебошад, ки ростӣ моро хеле хурсанд мекунад», — афзуд  Муртазо Зайниддинзода.

Ба иттилои мавсуф, «довталабоне ҳастанд, ки аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» китобҳои адибони Ғарбро бо забони асл мутолиа намудаанд ва  бо забони англисӣ атрофи асари хондаашон  озод суҳбат мекунанд, муҳтавои асосии асарашонро бо ҳамин забон баён месозанд. Ҳамзамон русидонии  довталабон ҳам касро дилгарм мекунад ва албата, ин нишонаи он аст, ки дастуру фармудаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти забондонии ҷавонон амалӣ шуда истодааст, ки ғайр аз забони модарияшон боз ду-се забони хориҷиро аз худ кардаанду бо он асарҳоро аз худ мекунанд».

Дар номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» 61 нафар довталаб баромад мекунанд, ки то инҷониб 7 нафари онҳо шунида шуданд.

Яке аз иштирокчиёни хурдсоли озмун Муродҷон Бойсаризода аз шаҳри Исфара аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» мебошад, ки дар рӯзи дуюм назди доварон баромад дошт. Ӯ зимни суҳбат бо мо гуфт, ки суолҳои аъзои ҳакамон чандон душвор набуд, зеро давоми як соли охир 93 китобро мутолиа намуд ва аз рӯи онҳо бо доварон баҳс дошт. Ӯ гуфт, ки дар ин муддат асарҳои адибони Ғарб, Шарқ, рус ва ғайраро  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мутолиа карда, умедвор аст, ки сазовори ҷойи намоён шавад.

Дар озмун шахсони касбу кори гуногун иштирок доранд, ки толибилмону донишҷӯён истисно нестанд. Яке аз иштирокчиёни хурдсол аз шаҳри Хуҷанд, ки ҳамагӣ 5 сол дорад, дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик назди доварон бо лаҳни шевою ширин баромад намуда, ҳамагонро дар ҳайрат гузошт.  Ӯ зимни суҳбат бо мо чунин гуфт: «Доварон хеле бо муҳаббат пазироӣ карданд, суолҳояшон фаҳмову сода буд ва тавонистам аз назик бо нависандагони ашъори бачагон рӯ ба рӯ суҳбат намоям, ки хеле бароям хотирмон аст».

Хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28 шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова, ки дар даври вилоятии озмуни мазкур  сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки «Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як имтиҳон ва  озмоиши одӣ нест, балки  ин аз доираи озмуни одӣ берун аст, муаллими сахтгирест, ки имрӯз  ҷавонони моро аз ҳар ҷиҳат-хоҳ аз тамаддуни тоҷик ва  хоҳ тамаддуни ҷаҳонӣ санҷиш мекунад. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сарчашмаи бузурги маънавиёт ва тавоноии беандоза пурқудратест, ки идроку маънавиёт, шууру оянда ва ботини моро аз ҳар ҷиҳат пурқудрат мегардонад». Ба андешаи ин иштирокчӣ, баргузории озмуни мазкур барои тамоми дӯстдорону ҳаводорони  олами  китоб  самараву натиҷаҳои хубу назаррас ба бор меорад. Ба суоли мо дар робита ба он ки ӯ бо чӣ мақсад ба озмун омадааст, чунин гуфт: «Ман ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омадам, то фурӯғи олами идроки ман равшантар  гардад, то бо чашми дили худ, бо чашми идроки худ тулӯи офтоби ояндаи  дурахшони зиндагии худро таъмин созам».

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дошта,  шумораи  иштирокчиён аз рӯи 5 номинатсия 267 нафарро ташкил медиҳад. Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар  аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Бояд гуфт ин соли дуюм аст Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст» бо Амри Президенти мамлакат  баргузор мешавад. Интизор меравад, ки соли оянда озмуни мазкур ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлол баргузор карда шавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд