Дар Мастчоҳ 1000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинониданд

Декабрь 12, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 12.12.2020. АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Мастчоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва 3 ҳазор  дона қаламчаи садбаргу сафедор шинонида шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ин маъракаи муҳими ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ  намояндагони касбу кори гуногун, кишоварзон, кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, ходимони дин таҳти сарварии Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода иштирок намуданд.

Тибқи тавсияи мутахассисон моҳи декабр барои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ мусоид буда, аз ин рӯ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром ҷараён дорад.  Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо равона шуда, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ дар рафти ниҳолшинонӣ муҳим мебошад. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маъракаи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар дигар ҷамоат ва шаҳраку деҳоти ноҳия то охири моҳи декабр идома меёбад.

Декабрь 12, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд