Дар Мастчоҳ 1000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинониданд
ДУШАНБЕ, 12.12.2020. АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва 3 ҳазор дона қаламчаи садбаргу сафедор шинонида шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин маъракаи муҳими ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ намояндагони касбу кори гуногун, кишоварзон, кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, ходимони дин таҳти сарварии Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода иштирок намуданд.
Тибқи тавсияи мутахассисон моҳи декабр барои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ мусоид буда, аз ин рӯ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром ҷараён дорад. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо равона шуда, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ дар рафти ниҳолшинонӣ муҳим мебошад. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маъракаи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар дигар ҷамоат ва шаҳраку деҳоти ноҳия то охири моҳи декабр идома меёбад.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст






