Дар Суғд 791 фурӯшгоҳи ангишт ва 410 нуқтаи гази моеъ ба аҳолӣ хизмат мерасонад

Декабрь 30, 2020 09:24

ХУҶАНД, 30.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави вилояти Суғд  баҳри дастрасии саривақтии сокинон ба маводи сӯхт 791 нуқтаи фурӯши ангишт ва 410 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил гардидаанд, ки ҳамарӯза ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» аз шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд,  давоми 11 моҳи соли равон дар конҳои ангишти вилояти Суғд 1658,6 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардида, он 97,9 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил  дода, инчунин баҳри дастрас намудани ангишт аз ҷониби коргоҳҳои ангиштканӣ вилоят бо ташкилоту муассисаҳо шартномаи ҳамкорӣ низ баста шудааст.

Баҳри иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати мамлакат  дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ дар ин самт корҳои зиёде ба иҷро расонида шудаанд.  Аз ҷумла,   тавре масъули Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Азиз Набиев  иброз дошт, дар ноҳия 27 нуқтаи статсионарии фурӯши ангишт ва 23 нуқтаи сайёри фурӯши ангишт  ташкил ва фаъолият намуда истодаанд, ки  нархи ангишт ба ҳисоби миёна аз 1 то 1,40 сомониро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки  то имрӯз дар муассисаҳои соҳаи маориф ба ҷойи захираи нақшавӣ 722 тонна — 738,9 тонна ангишт ва дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҷойи 150 тоннаи  — 177 тонна  ангишт захира гардидааст.

Декабрь 30, 2020 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад