Дар Суғд 791 фурӯшгоҳи ангишт ва 410 нуқтаи гази моеъ ба аҳолӣ хизмат мерасонад
ХУҶАНД, 30.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави вилояти Суғд баҳри дастрасии саривақтии сокинон ба маводи сӯхт 791 нуқтаи фурӯши ангишт ва 410 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил гардидаанд, ки ҳамарӯза ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, давоми 11 моҳи соли равон дар конҳои ангишти вилояти Суғд 1658,6 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардида, он 97,9 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил дода, инчунин баҳри дастрас намудани ангишт аз ҷониби коргоҳҳои ангиштканӣ вилоят бо ташкилоту муассисаҳо шартномаи ҳамкорӣ низ баста шудааст.
Баҳри иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ дар ин самт корҳои зиёде ба иҷро расонида шудаанд. Аз ҷумла, тавре масъули Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Азиз Набиев иброз дошт, дар ноҳия 27 нуқтаи статсионарии фурӯши ангишт ва 23 нуқтаи сайёри фурӯши ангишт ташкил ва фаъолият намуда истодаанд, ки нархи ангишт ба ҳисоби миёна аз 1 то 1,40 сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар муассисаҳои соҳаи маориф ба ҷойи захираи нақшавӣ 722 тонна — 738,9 тонна ангишт ва дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҷойи 150 тоннаи — 177 тонна ангишт захира гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






