Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи дилерҳои расмии истеҳсолкунандагони автомобилҳо (АДРИА) таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 30.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи дилерҳои расмии истеҳсолкунандагони автомобилҳо (АДРИА) таъсис ёфт. Айни замон 7 ширкат, ки дар самти воридот, фурӯш, нигоҳдорӣ ва таъмиру хизматрасониҳои кафолатнокии техникии автомобилҳо фаъолият мекунанд, дар АДРИА ҳамчун аъзои комилҳуқуқ узвият доранд.
Тавре раиси Ассотсиатсияи мазкур Асрор Мирзоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, АДРИА моҳи октябри соли 2020 таъсис ёфта, ассотсиатсияи касбии дилерҳои расмии тавлидкунандагони автомобилҳои хориҷӣ ва ватанӣ буда, аъзоёни он фаъолияти худро амалан дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд.
Аъзоёни Ассотсиатсияи мазкур ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Авто Тоҷикистон» – дистрибютерии расмии Хундай Мотор Корпорейшн, «Тадж Моторс» — дилери расмии Тойота Мотор Корпорейшн, «Лесинвест» — дилери расмии Дженерал Моторс, Узбекистон, «Старлекс» — дилери расмии Даймлер (Мерседес Бенс), «Хакко Энтерпрайз» — дилери расмии Шкода Авто, «Олуча Авто» — дистрибютери расмии Авто Ваз (Лада), ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» -истеҳсолкунанда ва дистрибютер мебошанд.
Ҳадафи асосии таъсис додани Ассотсиатсия – таъмини шафофияти фаъолияти иштирокчиёни бозор, намояндагӣ аз манфиатҳо дар сатҳи давлатӣ, ҷорӣ намудани рақобати солим байни иштирокчиёни бозор, дастгирии намояндагони расмӣ ҳамчун андозсупоранда, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, пурра таҳти назорати гумрукӣ ва андозбандӣ қарор додани манбаҳои воқеӣ, саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардонидани буҷет ва рушду нумуи мамлакат мебошад.
Боиси зикр аст, ки ташкил намудани низоми мутавозини муносибатҳои байни давлат ва иштрокчиёни бозори автомобил шароити баробари тиҷоратӣ барои ҳамаи субъектҳои дар ин соҳа иштирокдошта фароҳам оварда, ба мизоҷон ҳуқуқи интихоб карданро дода ташаккули фарҳанги харид ва истифодаи автомобилҳои навро ба миён меоварад.
Аз ин лиҳоз, Ассотсиатсияи Дилерҳои Расмии Истеҳсолкунандагони Автомобилҳо бо арзи эҳтиром барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамаи сохтору ташкилотҳои дахлдорро барои ҳамкорӣ даъват менамояд.








Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд






