Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи дилерҳои расмии истеҳсолкунандагони автомобилҳо (АДРИА) таъсис ёфт

Декабрь 30, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 30.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон  Ассотсиатсияи дилерҳои расмии истеҳсолкунандагони автомобилҳо (АДРИА)  таъсис ёфт. Айни замон 7 ширкат, ки дар самти воридот, фурӯш, нигоҳдорӣ ва таъмиру хизматрасониҳои кафолатнокии техникии автомобилҳо фаъолият мекунанд, дар АДРИА  ҳамчун аъзои комилҳуқуқ узвият доранд.

Тавре  раиси Ассотсиатсияи мазкур Асрор Мирзоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  АДРИА моҳи октябри соли 2020 таъсис ёфта,   ассотсиатсияи касбии дилерҳои расмии тавлидкунандагони автомобилҳои хориҷӣ ва ватанӣ буда,  аъзоёни он  фаъолияти худро амалан дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд.

Аъзоёни Ассотсиатсияи мазкур ҷамъиятҳои дорои масъулияти  маҳдуди  «Авто Тоҷикистон» – дистрибютерии расмии Хундай Мотор Корпорейшн, «Тадж Моторс» — дилери расмии Тойота Мотор Корпорейшн, «Лесинвест» — дилери расмии Дженерал Моторс, Узбекистон, «Старлекс» — дилери расмии Даймлер (Мерседес Бенс), «Хакко Энтерпрайз» — дилери расмии Шкода Авто,  «Олуча Авто» — дистрибютери расмии Авто Ваз (Лада), ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» -истеҳсолкунанда ва дистрибютер  мебошанд.

Ҳадафи асосии таъсис додани Ассотсиатсия – таъмини шафофияти фаъолияти иштирокчиёни бозор, намояндагӣ аз манфиатҳо дар сатҳи давлатӣ,  ҷорӣ намудани рақобати солим байни иштирокчиёни бозор, дастгирии намояндагони расмӣ ҳамчун андозсупоранда, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, пурра таҳти назорати гумрукӣ ва андозбандӣ қарор додани манбаҳои воқеӣ, саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардонидани буҷет ва рушду нумуи мамлакат  мебошад.

Боиси зикр аст, ки ташкил намудани  низоми мутавозини муносибатҳои байни давлат ва иштрокчиёни бозори автомобил шароити баробари тиҷоратӣ барои ҳамаи субъектҳои дар ин соҳа иштирокдошта фароҳам оварда, ба мизоҷон ҳуқуқи интихоб карданро дода ташаккули фарҳанги харид ва истифодаи автомобилҳои навро ба миён меоварад.

Аз ин лиҳоз,  Ассотсиатсияи Дилерҳои Расмии Истеҳсолкунандагони Автомобилҳо бо арзи эҳтиром барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамаи сохтору ташкилотҳои дахлдорро  барои ҳамкорӣ даъват менамояд.

Декабрь 30, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд