Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо» татбиқ мегардад

Декабрь 29, 2020 09:06

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/ оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо» ба маблағи беш аз 72 миллион доллари амрикоӣ ба  имзо расонида шуд. Лоиҳаи мазкур баҳри қонеъ намудани талаботи муҳими минтақа оид ба беҳтаргардонии шоҳроҳҳои миллӣ, алалхусус Данғара-Оқмазор ва Ҳулбук-Кангурт равона шудааст. Қитъаҳои мазкур шоҳроҳи Осиёии №66-ро  дар Данғара ва Ҳулбук пайваст намуда, барои ҳамгироии марказҳои бузурги иқтисодии минтақа хидмат менамояд. Лоиҳа дар зарфи се сол, солҳои 2021-2024 татбиқ мегардад.

Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин санадро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи БОР Намояндаи ваколатдори БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Маҳмудов ба имзо расониданд.

«Ҳадафи лоиҳа ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани ҳолати қитъаи роҳи байналмилалӣ  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бехатарии ҳаракат ва беҳтар намудани робитаҳои байналмилалӣ дар ҳудуди лоиҳа, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ бо роҳи таъмини ҷойҳои нави корӣ дар давраи татбиқи лоиҳа мебошад»,-афзуд манбаъ.

Арзиши умумии лоиҳа 72,93 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 67,49 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд ва 5,44 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Декабрь 29, 2020 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд