Дар Тоҷикистон сатҳи таваллуд баланд шудааст
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то октябри соли 2020 дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 афзоиши таваллуд ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Sputnik бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар 10 моҳ дар мамлакат 166,6 ҳазор кӯдак таваллуд шудаанд. Дар ҳамаи вилоятҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон сабти таваллуд дар давраи муқарраркардаи қонун 2,4% афзудааст.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, зариби (коэффитсиенти) умумии таваллуд ва фавт мутаносибан 23,7 ва 4,1 -ро ба сари 1000 нафар аҳолӣ ташкил додааст.
Ба иттилои Агентии омор, миқдори фавти кӯдакон низ дар Тоҷикистон афзудааст. Аз аввали соли 2020 дар мамлакат 28,9 ҳазор нафар одамон фавтидаанд, ки 1,6 ҳазор нафарашон кӯдакони то яксола мебошанд.
Сабти фавтҳо дар ҳама минтақаҳо 15,7 фоиз афзуда, 28,9 ҳазор нафарро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи маълумот, то аввали моҳи ноябр аҳолии Тоҷикистон аз 9,4 миллион нафар зиёд шуд. Ин нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 2% зиёдтар аст.
Минтақаи аз ҳама сераҳолии ҷумҳурӣ вилояти Хатлон мебошад. Дар ин ҷо зиёда аз 3,4 миллион нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Дар вилояти Суғд беш аз 2,7 миллион, дар ВМКБ — 230,4 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — беш аз 2,2 миллион ва дар Душанбе — 871,6 ҳазор нафар ба ҳисоб гирифта шудааст.
АКС: © Sputnik / Алексей Сухоруков








Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад






