Дар Турсунзода барои ташкили гулгаштҳо беш аз 300 ҳазор бех гулу қаламчаҳо омода менамоянд

Декабрь 4, 2020 15:03

ТУРСУНЗОДА, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими сабзазоркунии солҳои 2020-2021 дар шаҳри Турсунзода барои шинонидани гулҳои садбарг ва дигар буттагулҳои ороишӣ, инчунин ташкили гулгаштҳо дар шоҳроҳ ва ҳудуди шаҳр омода намудани беш аз 314 ҳазору 700 бех гул ва қаламчаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло ҷиҳати татбиқи қарори раиси шаҳри Турсунзода «Дар бораи гузаронидани маъракаи умумишаҳрии кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳри Турсунзода дар давраи солҳои 2020-2021» мавсими омода кардани қаламчаи гули садбарг амалӣ шуда истодааст. Барои тибқи талаботи аграрӣ буридани гулҳо ва омода кардани қаламча мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар байни намояндагони корхонаву ташкилот, муассисаву хоҷагиҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, барои дуруст амалӣ намудани усулҳои маъмули парвариш ва афзун намудани гули садбарг тариқи қаламча тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов изҳор дошт, ки “мутобиқи иқлими мо мавсими омода намудани қаламчаи гули садбарг аз нимаи моҳи ноябр оғоз мегардад, зеро то ин вақт бех ва гули садбарг пухта расида, зимни буриш ниҳол осеб намебинад”.

Декабрь 4, 2020 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 таҳия ва тасдиқ гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мурғоб боғи нав бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН. Дар ноҳияи Ванҷ имсол 45 ҳазор бех ниҳол мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Конибодом 9 ҳазор бех ниҳоли тут, ҷигда, ток ва хуч шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим дар масоҳати як гектар боғ бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хоруғ ярмаркаи фурӯши ниҳол, тухми сабзавоту зироат ва кӯчати гулу буттаҳо доир карда шуд
Дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 5,5 гектар токзори нав бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор дар 50 гектар боғи хуч бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Роғун қариб 15 ҳазор бех дарахт ва панҷ ҳазор гули лола шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хоруғ 500 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ховалинг зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти боғдорони Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов шинос шуданд