Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

Июнь 26, 2026 20:30

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар остонаи баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз маросими шинондани ниҳоли дарахтони ҳамешасабз бо иштироки Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз хонум Мафалда Дуарте ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ин маъракаи экологӣ садоқати Тоҷикистонро ба принсипҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид мекунад.

Аҳамияти махсуси рамзии чорабинӣ дар он буд, ки ҳар як дарахти шинондашуда ба як самти асосии рӯзномаи ҷаҳонии иқлим бахшида шуд. Инҳо маблағгузории иқлим, ҳамкории об, ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, иштироки ҷавонон дар амалҳои иқлимӣ, рушди инфрасохтори устувор, мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва дигар самтҳои афзалиятнокро дар бар мегирифтанд. Ҳамин тариқ, ин маросим рамзи уҳдадории дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба талошҳои муштарак барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим гардид.

Намояндагони ҷавонон, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва дигар иштирокдорони ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз, ки маротибаи аввал аз 29 июн то 2 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дар ин чорабинии экологӣ иштирок намуданд.

Шинондани ниҳоли дарахтон рамзи талошҳои муттаҳидӣ барои ҳифзи муҳити зист, тақвияти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наслҳои оянда арзёбӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории ҷаласаи 45-уми шуро дар Душанбе як чорабинии муҳими байналмилалӣ хоҳад буд, ки нақши фаъолои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, маблағгузории иқлим ва рушди устувор тасдиқ менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2026 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд