Дар як рӯз дар Афғонистон ду ҳамлаи террористӣ алайҳи мансабдорони давлатӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси Шӯрои вилоятии вилояти Ғури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулраҳмон дар натиҷаи таркиши минаи магнитӣ 15 декабр ҳалок шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Afghanistan.ru.
Ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Фирӯзкӯҳ, маркази маъмурии вилояти мазкур сурат гирифт. Ба асари таркиши мина як узви дигари Шӯрои вилоятӣ низ маҷрӯҳ шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар тӯли 24 соати охир ин дуввумин таркиш дар кишвар аст, ки мансабдорони давлатӣ қурбони он мешаванд. Тавре АМИТ “Ховар” дирӯз хабар дода буд, субҳи рӯзи сешанбе муовини волии вилояти Кобул Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ дар як ҳодисаи мушобеҳ дар пойтахти Афғонистон кушта шуд.
То ҳол ягон гурӯҳи мусаллаҳи оштинопазир масъулияти ҳамлаҳои мазкурро ба зима нагирифтааст.
АКС аз бойгонӣ








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






