Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарзи истифодаи замини наздиҳавлигии сокинон шинос гардид

Декабрь 22, 2020 11:26

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарзи истифодаи замини наздиҳавлигии сокини ин  деҳа Хуршед Ғафуров   шинос гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд,  оилаи Ғафуровҳо бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замини наздиҳавлигии худ самаранок истифода бурда, 8 гармхонаи хурд бунёд намудаанд. Аз гармхонаҳо ҳамасола то чор маротиба ҳосил гирифта шуда, маҳсулоти тару тоза барои таъмини эҳтиёҷоти оила ба бозор бароварда мешавад. Оилаи Ғафуровҳо ҳамзамон ба нигоҳубини чорво низ машғул буда, барои зимистонгузаронӣ маводи ғизоии зарурӣ захира намудаанд.

Дар ҷараёни сафар Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ аз гармхонаҳои Абдухолиқ Эргашев боздид карданд. Оилаи Эргашевҳо дар 0,08 гектар замин ҳафт гармхонаи хурд ташкил карда, ба парвариши кабудиҳо машғуланд. Пас аз ҷамъоварии ҳосил ва ба фурӯш гузоштани он дар гармхонаҳо помидору бодиринг ва қаланфури булғорӣ парвариш ёфта, маҳсулоти барвақтӣ ба аҳолӣ пешниҳод мегардад. Ин оила маҳсулоти гуногунро, ки аксар дастранҷи аъзои хонавода аст, барои зимистонгузаронӣ захира намудаанд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат ба тарзи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоатҳои мазкур баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки таҷрибаи чунин оилаҳои пешқадам бояд барои дигарон намунаи ибрат бошад.

Декабрь 22, 2020 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад