Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Ҳисор кӯмак расонид
ДУШАНБЕ, 26.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷкистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ, либос ва маҳсулоти лозимаи таълимию маишӣ, аз ҷумла компютер, принтер, 1 дона мошинаи ҷомашӯйӣ, фурӯзонакҳо ва 1000 дона ниқоби яккаратаи тиббӣ ва туҳфаҳои солинавӣ кумак расонид.
Тавре аз Донишгоҳи миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода туҳфаҳоро ба тарбиятгирандагон расонида, онҳоро бо фарорасии Соли нав табрик намуда, таъкид кард, ки хонандагон бояд бо хониши аъло ва рафтори намунавӣ соли навро пешвоз гиранд.
Директори Мактаб-интернат Бибиҳаво Шарофова ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар ҷашну маросимҳо пайваста ба ин таълимгоҳи низомаш махсус аз ҷониби Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва хусусан муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат кумак расонида мешавад.








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






