ФАСОДРО РЕШАКАН МЕНАМОЕМ! Имрӯз — Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2004 ҳамасола дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия таҷлил карда мешавад.
Фасод ё коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устуворро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия ҳуҷҷати мазкурро 25 сентябри соли 2006 пазируфта, онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд.
Инчунин бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Вазифаҳои асосии ин мақомот аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад.
Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, таҳия ва ду маротиба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 11 декабри соли 1999 ва аз 25 июли соли 2005, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 қабул намудани “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” ва дигар санадҳои зериқонунӣ аз ҳамин қабиланд.
Дар баробари ин, ду маротиба қабул ва роҳандозӣ намудани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ноил гардидан ба муборизаи дастаҷамъона зидди ин зуҳуроти номатлубро таъмин намуда, боиси аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии давлат гардидааст.
Бешубҳа, мақсаду мароми қатъии Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия дар маълумоти дарҷгардида ба таври равшан ба назар мерасад.
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо барои таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳифзи манфиати давлат ва ҷомеа ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри решакан намудани ин падидаи зиддиарзишӣ аз тамоми имконият ба таври васеъ истифода мебаранд.
Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки ҳар фарди ҷомеа метавонанд натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оваранд ва садди роҳи коррупсия шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 10 январи ҳар сол Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат таҷлил мешавад.
София ШОИК,
АМИТ “Ховар”








ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»






