ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони эронии худ бозиҳои дӯстона доир менамояд
ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 23 ва 26 декабр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо ҳамсолони эронии хеш оғоз кард. Барои ҷамъомади таълимӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев 22 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват кардааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Эрон:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (РШВСМ);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама – «Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Бозиҳои дӯстона
23 декабр (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
26 декабр (шанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






