ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бози дуюми дӯстона байни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегарданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 23 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, ки дар он футболбозони навраси тоҷик аз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Эрон бо ҳисоби 4:1 мағлуб шуданд.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:4
Голҳо: Амир Иброҳимзада, 14 (0:1). Алиакбар Ранҷбар, 20 (0:2). Бежан Нишонбойзода, 58 (1:2). Муҳаммадреза Кушки, 77 (1:3). Ядегар Ростами, 83 (1:4).
Аз майдон ронда шуд: Солиҳӣ Муҳаммадзода (Эрон), 23 –
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Эрон:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (РШВСМ);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама – «Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Бозиҳои дӯстона
23 декабр (чоршанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) 1:4
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
26 декабр (шанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






