Гурӯҳи корӣ сарфакорона истифода намудани неруи барқро ба аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Гулнора Ҳасанзода бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, зиёиён ва фаъолони ноҳия мулоқоти корӣ анҷом дод.
Гулнора Ҳасанзода нахуст миннатдории Сарвари давлатро ба мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва боварии мардум ба ояндаи дурахшони мамлакат доир гардид, расонид.
Мавсуф муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлатро оид ба оқилона ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти серхароҷот ба ҳозирин тавзеҳ дод. Роҳбари гурӯҳи корӣ дастур дод, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ташкил карда шаванд. Аёдати шахсони ниёзманд, маъюбон, ятимон, расонидани кумак ба ин гурӯҳҳои ниёзманд, дастгирии оилаҳои камбизоат бояд мунтазам аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шаҳраку деҳот, дигар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба роҳ монда шавад.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Толиб Қудратзода доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри сарфакорона ва оқилона истифода намудани неруи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, вазъи тайёрии муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар муассисаҳо ба зимистон ва захираи маводи сӯзишворӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.
Роҳбари гурӯҳи корӣ аз ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, зиёиён ва фаъолон даъват намуд, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кӯшиш намоянд.








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






