Дар Кӯлоб аз як дарахти лимӯ зиёда аз 300 дона ҳосил ба даст оварданд

Декабрь 11, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Роҳбари хоҷагии деҳқонии  Гултеппаи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб  Хайриддин   Шеров ба лимупарварӣ машғул мебошад, ки  соли равон аз як дарахт зиёда аз 300  дона лимӯ ба даст овардааст.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Хайриддин  Шеров дар оянда ният доранд, ки масоҳати замини гармхонаҳоро зиёд намоянд.

Ҳамчунин деҳқонони хоҷагии мазкур дар гармхона дар 3 сотих  картошка парвариш намуданд. Инчунин соли равон онҳо  дар гармхона кишти бодирингро низ ба роҳ монданд, ки аз фурӯши он 7000 сомонӣ фоида ба даст овардаанд.

Декабрь 11, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»