«Кафсанг» ва «Оинаи Ломакон». Таҳти чунин унвон китобҳои тозаэҷоди Шоири Халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба нашр расиданд

Декабрь 19, 2020 09:14

ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 70-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло аз ҷониби Нашриёти «АДИБ» китоби дуҷилдаи устод таҳти унвони «Кафсанг» ва «Оинаи Ломакон»  ба нашр расид. Ин ду асар назмӣ буда, дар он ашъори тозаэҷоди Камол Насрулло ҷой дода шудаанд.

Тавре  дар суҳбат бо мо Шоири Халқии Тоҷикистон Камол Насулло иброз дошт, «Кафсанг» ба маънои аз хирмани гандум як каф гирифтан аст. Дар ин китоб шеърҳои тозаэҷоди худро ҷой додаам».

-«Оинаи Ломакон» аз дубайтӣ, рубоӣ ва қитъаҳо иборат аст. Яъне китоб пур аз шеърҳои хурд аст»,- изҳор дошт Камол Насулло.

Ёдовар мешавем, ки Камол Насрулло 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расонидааст. Ӯ солҳои 1971-1974 дар Радиои тоҷик, моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981), ба сифати роҳбари шуъбаи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1981-1986), солҳои 1986-2013 муассис ва сардабири моҳномаҳои кӯдакон – «Чашма» ва «Родник», соли 2013 муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Нахустин эҷодиёташ аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ чоп шудааст. Инчунин ашъораш дар маҷмӯаҳои «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) «Поиск пути» (дар маҷмӯаи «Молодые поэты Средней Азии». – Маскав, 1982), китоби алоҳидаи «За птицами вслед» (Москва, 1987) ва ғайраҳо ба табъ расидаанд.

Дар эҷодиёти Камол Насрулло асосан муқаддасоту миллӣ, модару Ватану забон, ваҳдату рафоқати ҳамагонӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарғибу тараннум гардидаанд.

Бояд гуфт, ки эҷодиёташ ба як қатор забонҳои дунё баргардон ва чоп шудаанд. Шоир дар тарҷумаи бадеӣ, махсусан, осори адибони рус саҳми назаррас дорад.

Соли 1987 барои маҷмӯаи шеърҳои «Гузаргоҳи дил» сазовори Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2003 Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст. Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Тавре Камол Насрулло гуфтааст:

Шеър гуфтан бӯса киштан дар баёзи зиндагист,
Ояи некӣ сурудан дар намози зиндагист…

Декабрь 19, 2020 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид