«Кафсанг» ва «Оинаи Ломакон». Таҳти чунин унвон китобҳои тозаэҷоди Шоири Халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба нашр расиданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 70-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло аз ҷониби Нашриёти «АДИБ» китоби дуҷилдаи устод таҳти унвони «Кафсанг» ва «Оинаи Ломакон» ба нашр расид. Ин ду асар назмӣ буда, дар он ашъори тозаэҷоди Камол Насрулло ҷой дода шудаанд.
Тавре дар суҳбат бо мо Шоири Халқии Тоҷикистон Камол Насулло иброз дошт, «Кафсанг» ба маънои аз хирмани гандум як каф гирифтан аст. Дар ин китоб шеърҳои тозаэҷоди худро ҷой додаам».
-«Оинаи Ломакон» аз дубайтӣ, рубоӣ ва қитъаҳо иборат аст. Яъне китоб пур аз шеърҳои хурд аст»,- изҳор дошт Камол Насулло.
Ёдовар мешавем, ки Камол Насрулло 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расонидааст. Ӯ солҳои 1971-1974 дар Радиои тоҷик, моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981), ба сифати роҳбари шуъбаи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1981-1986), солҳои 1986-2013 муассис ва сардабири моҳномаҳои кӯдакон – «Чашма» ва «Родник», соли 2013 муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Нахустин эҷодиёташ аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ чоп шудааст. Инчунин ашъораш дар маҷмӯаҳои «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) «Поиск пути» (дар маҷмӯаи «Молодые поэты Средней Азии». – Маскав, 1982), китоби алоҳидаи «За птицами вслед» (Москва, 1987) ва ғайраҳо ба табъ расидаанд.
Дар эҷодиёти Камол Насрулло асосан муқаддасоту миллӣ, модару Ватану забон, ваҳдату рафоқати ҳамагонӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарғибу тараннум гардидаанд.
Бояд гуфт, ки эҷодиёташ ба як қатор забонҳои дунё баргардон ва чоп шудаанд. Шоир дар тарҷумаи бадеӣ, махсусан, осори адибони рус саҳми назаррас дорад.
Соли 1987 барои маҷмӯаи шеърҳои «Гузаргоҳи дил» сазовори Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2003 Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст. Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Тавре Камол Насрулло гуфтааст:
Шеър гуфтан бӯса киштан дар баёзи зиндагист,
Ояи некӣ сурудан дар намози зиндагист…









Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






