Консули генералии Тоҷикистон ҳамкории байниминтақавиро бо роҳбарони вилояти Челябинск муҳокима намуд

Декабрь 17, 2020 08:48

ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода 15 декабр дар чорабинии онлайнӣ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2021 бо иштироки Губернатори вилояти Челябинск Алексей Текслер, муовини ӯ Егор Ковалчук, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар минтақаи Уралу сарзамини Перм Александр Харлов ва намояндагони корпуси маҳаллии дипломатӣ ширкат намуд.

Тибқи иттилои Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, иштирокдорони ин чорабинӣ ҳамдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, оид ба ҷамъбасти соли равони сипаришаванда ва нақшаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соли ҷадид суҳбат оростанд.

Дар чаҳорчубаи чорабинии онлайнӣ дипломати тоҷик бо муовини Губернатори вилояти Челябинск Егор Ковалчук роҷеъ ба кори муштарак оид ба таҳкими  ҳамкориҳои  гуногунҷанба дар асоси дуҷонибаи байниминтақавӣ ва дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор намуд. Зафар Сайидзода ба роҳбарияти вилояти Челябинск пешниҳод кард, ки масъалаи марбут ба роҳандозӣ ва густариши ҳамкории байниминтақавиро бо Тоҷикистон – дар давраи пас аз анҷоми пандемияи коронавирус – дар заминаи татбиқи амалии Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар мутобиқ ба талаботи сатҳи муосири технологӣ мавриди баррасиву омӯзиш қарор бидиҳад. Ин пешниҳод бо хушӣ истиқбол гирифта шуд.

Декабрь 17, 2020 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид