Дар чанд рӯзи охир дар ноҳияи Ҳамадонӣ 750 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд

Декабрь 26, 2020 08:56

ДУШАНБЕ, 26.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Имсол мувофиқи дурнамо дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ  шинонидани бист ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Сокинони ноҳияи дар чанд рӯзи охир дар ҳудуди ноҳия  беш аз 750 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан, аз ҷумла арча шинониданд.

Зимни маъракаи ободонӣ бо иштироки сокинони маҳал дар деҳаи Гулободи ноҳияи   Ҳамадонӣ -дар ду шафати   шоҳроҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд. Ба ҷараёни корҳои ниҳолшинонӣ тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ҷалб гардида, саҳми худро дар корҳои ободонӣ гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки  бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Мир Саид Алии Ҳамадонӣ  аз нимаи аввали моҳи декабр   бо  истифода аз обу ҳавои мусоид маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ аз даромадгоҳи ноҳия бо шинонидани ниҳолҳо дар ду паҳлӯи шоҳроҳ оғоз гардид.

Иқлими ноҳияи Ҳамадонӣ гарм буда, сабзонидани ниҳолҳо хеле мушкил аст. Аз ин рӯ ҳар ниҳол бо тавсияи олимони соҳа ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида мешавад. Барои ҳар ниҳол дар паҳлӯи роҳ дар масофаи муайян бо истифода аз техника чуқурӣ канда, аз дигар мавзеъ хоку пору меоранд ва ба он нурии минералӣ ҳамроҳ намуда, сипас ниҳолро мешинонанд. Масъулин ба шинонидани ҳар  ниҳол диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ҳатман атрофи ниҳолҳоро нарм карда, об мерезанд. Ҳар қадар, ки намӣ зиёд бошад, нурии минералӣ ҳал шуда, ба сабзиши ояндаи ниҳолҳо кумак мерасонад.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар партави дастури Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сабзу хуррам гардонидани маҳали зист бо истифода аз ҳавои мусоид дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ  вусъат меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ саҳми бахши ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ноҳия ҳам назаррас аст.

Декабрь 26, 2020 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст