Маркази миллии тестӣ дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар/. Аз 25 то 29 декабр дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ барои 418 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мақсади он фарогирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда ба имтиҳонҳои озмоишӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ мебошад.
Баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ, аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки 36 нафар; ноҳияи Сино бо иштироки 205 нафар; ноҳияи Рашт бо иштироки 102 нафар; ноҳияи Ёвон бо иштироки 10 нафар; ноҳияи Қубодиён бо иштироки 24 нафар; ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо иштироки 6 нафар; ноҳияи Восеъ бо иштироки 10 нафар; ноҳияи Фархор бо иштироки 6 нафар ва ноҳияи Ш. Шоҳин бо иштироки 19 нафар хатмкунанда ба нақша гирифта шудааст.
Умуман ба ин озмоиш аз 12 мактаб-интернат барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда хатмкунандагон даъват карда мешаванд.
Дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:
— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 48 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 76 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 90 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 68 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 136 нафар хатмкунанда.
Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври худкор (автоматӣ) гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокдор равона карда мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳон аст.
Бояд хотиррасон кард, ки давоми моҳҳои октябр-декабри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Марказ дар 54 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби 13 428 нафар хатмкунандаи 601 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






