МУБОРАК БОШАД! Ду ширкати Тоҷикистон барои дастовардҳо дар соҳаи сифат сазовори Ҷоизаи ИДМ гардиданд

Декабрь 24, 2020 17:13

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду ширкати  Тоҷикистон — ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» ва ҶДММ «Силкоат Бойя» барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ сазовори Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли 2019 гардиданд. Дар ин бора Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия  дар ҷаласаи 58-уми ШБД, ки 23 декабр дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, тасмим гирифта буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Маросими ботантанаи мукофотонидани лауреатҳо ва дипломантҳои озмун барои Ҷоизаи ИДМ дар соли 2019 барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хадамотро Сергей Иванов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ифтитоҳ намуд. Қарор дар бораи додани ҷоизаҳо дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ 13 марти соли 2020 қабул шуда буд.

14 корхона ва ташкилот аз чор кишвари узви ИДМ: Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон лауреат ва дипломанти озмун шуданд.

Ширкати «Ваҳдат Текстайл»

Корхонаро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат Текстайл» ва Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев дар доираи дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додаанд. Ин корхона ҷӯробҳои мардона, занона ва кӯдакона бо андозаҳои гуногун истеҳсол мекунад. Ба истеъмолкунандагон ҳам намудҳои ҷӯробҳои классикӣ ва ҳам ҷӯробҳои варзишии дорои шакли махсус, ки рутубатро нигоҳ намедоранд, зуд хушк мешаванд, сабук ва ба фарсудашавӣ тобоваранд, пешниҳод карда мешаванд. Маҳсулот аз пахтаи маҳиннах ва дорои нахи миёна таҳия мешавад. Онҳо дараҷаи баланди тозакунӣ ва коркард доранд, барои ҳамин маҳсулоти «Ваҳдат Текстайл» аз ҷиҳати экологӣ тоза, мулоим ва барои пӯшидан бароҳат ва боқувват мебошад.

Соли 2019 тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Душанбе майдони иловагии истеҳсолӣ ташкил шавад. Аввали моҳи январи соли равон Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз фабрикаи нави «Ваҳдат Текстайл», ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолият шурӯъ карда, ба истеҳсоли ҷӯроб машғул хоҳад шуд, боздид карданд. Иқтидори солонаи фабрика 19,2 миллион ҷуфт ҷӯроб мебошад. Дар истеҳсолот таҷҳизоти итолиёвӣ (Sangiacomo Fantasia LT), инчунин чинӣ ва туркӣ насб шудаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» имрӯз хабар дод, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат Текстайл»  -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хабар дода шуд, ки бо татбиқи марҳилаи дуюм дар корхона 120 дастгоҳи худкори бофандагӣ, 10 мошини дӯзандагӣ барои ҷӯробҳо, 3 дастгоҳи дарзмолкунӣ ва дар коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳо 2 дастгоҳ барои ҳаккокии силикон ва 114 дастгоҳи худкори бофандагӣ насб шудаанд. Инчунин 120 адад дастгоҳҳои бофандагӣ харидорӣ шудаву моҳҳои наздик ворид мешаванд. Ин таҷҳизот аз ширкатҳои пешрафтаи Италия, Туркия, Германия ва Федератсияи Россия харидорӣ шудаанд.

Дар баробари ба фаъолият шурӯъ намудани навбати дуюми корхона ва ворид сохтани таҷҳизоти кории насли нав, дар қатори истеҳсоли ҷӯробҳо, инчунин барои истеҳсоли маҳсулоти нави саноатӣ — дастпӯшакҳои корӣ имконият муҳайё мешавад.

Бо ба кор даромадани навбати дуюми корхона иқтидори истеҳсолии бофандагии «Ваҳдат Текстайл» чандин маротиба афзуд, истеҳсолот аз 19 миллиону 200 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як сол то ба 34 миллион расид. Тадбирҳои андешидашуда ҳам талаботи дохилии кишварро қонеъ ва ҳам ба афзоиши иқтидори содиротӣ мусоидат мекунанд.

Дар марҳилаи дуюми корхона 100 нафар сокини маҳаллӣ пас аз фарогирии курсҳои бозомӯзӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд ва маҷмӯъан дар ду марҳила 400 нафар ба шуғли доимӣ таъмин шуданд.

Масъулин тасдиқ мекунанд, ки дар марҳилаи сеюм шумораи ҷойҳои корӣ афзоиш ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд хоҳад шуд.

Бояд зикр кард, ки ҳоло ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур на танҳо дар бозори ватанӣ, инчунин дар хориҷи мамлакат  низ серхаридоранд. 95 фоизи маҳсулоти ҷамъият ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон содир мешавад.

Дар айни замон ширкат истеҳсоли ҳама намуди ҷӯробҳоро мувофиқи талаботи бозор, фаслҳо ва синну сол ба роҳ мондааст. Тарроҳии сатҳи баланд ва зебо имкон медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат ва берун аз он рақобатпазир бошад. Афзалияти дигари маҳсулоти ширкат дар он аст, ки 80 фоизи ҷӯробҳо аз пахта таҳия ва дар доираи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешаванд.

Зикр карда шуд, ки «Ваҳдат текстайл» дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, хусусан нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр бунёд шудааст. Тамоми силсилаи истеҳсолӣ дар корхона дар асоси пахтаи ватанӣ танзим шудааст. Ба ибораи дигар, ин ибтикор шароити тадриҷан ба кишвари содиркунандаи маҳсулоти аълосифати саноатӣ табдил ёфтани Тоҷикистонро фароҳам меорад ва вобастагии бозорҳои кишварро аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш медиҳад.

Ширкати «Silkcoat boya»

Пеш аз таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Туркия «Silkcoat boya» форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия соли 2009 дар Душанбе ва соли 2010 дар Истанбул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдуллоҳ Гул баргузор шуданд.

Соли 2010 роҳбари ширкати туркии «Silkcoat» Акиф Чолак бо собиқ Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода (ҳоло Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон) мулоқоти корӣ анҷом дод ва пешниҳод кард, ки як корхонаи муштарак ташкил карда шавад. Ҳамин тавр ширкати «Silkcoat boya» сохта шуд.

Барои баҳрабардорӣ ва пурра бо кор  машғул намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли  маҳсулот дар ҳаҷми то 4000 ҳазор тонна рангҳои молидани ва лок ба нақша гирифта шудааст.

Silkcoat соли 2016 дар намоишгоҳи солонаи масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Қоҳираи Миср ва аз 14 то18 майи соли 2017 дар намоишгоҳи солонаи TUYAP 2017 дар Станбул ширкат варзид.

Ширкат барои бинокорон ва ширкатҳои сохтмонии Ҷумҳурии Гана мастер-класси байналмилалӣ бо иштироки устои дараҷаи байналмилалӣ Абдураззоқ Юсесой аз Туркия баргузор намуд. Ин чорабинӣ ба муаррифии маҳсулоти нави Silkcoat мусоидат намуд.

           АКСҲОИ хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2020 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид