Муовини якуми Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Спитамен бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд

Декабрь 23, 2020 11:04

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо корҳои  сохтмонӣ дар  иншооти ҷашнӣ ба  ноҳияи Спитамен сафар намуда, нахуст  аз  корхонаи коркарди шири ноҳия  дидан намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корхонаи коркарди шир дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати мамлакат бунёд  мегардад.

Корхонаи мазкур  аз ҷониби ҶСП «Комбинати Шири Душанбе» сохта шуда, маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил дода,  аз он 3,5 миллион маблағи умумии сохтмон ва 4 миллион маблағи таҷҳизоти воридшаванда ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз мебошад.

Сипас муовини якуми Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят дар ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» бо ҷараёни бунёди коргоҳи иловагии матоъбофӣ шинос шуданд.

Коргоҳи мазкур  аз тарафти роҳбарияти ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» сохта шуда, соли оянда ба истифода дода мешавад.

Ҳоло ба корхона 28 адад дастгоҳи техникии матоъбофӣ ва 1 адад дастгоҳи техникии асосӣ ворид карда шудааст. Дар нақша аст то ба истифода супоридани коргоҳи иловагии мазкур дастгоҳҳои техникӣ то 60 адад расонида шавад. Ҳамчунин ҷамъият тасмим гирифтааст, ки бинои асосии коргоҳи иловагии матоъбофиро васеъ намуда, корҳои сохтониро оғоз намояд.

Пас аз ба истифода супоридан коргоҳи иловагии мазкур дар 3 баст фаъолият намуда, дар ҳар як баст то 15 нафар, дар маҷмӯъ 45 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Музди меҳнати миёнаи ҳар як корманд аз 1000 то 1200 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен маркази савдо ва хизматрасонии «Дӯстӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои маркази савдо ва хизматрасонии «Дӯстӣ» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муродҷон Каримов бунёд шудааст.  Марказ аз ду ошёна иборат буда, дар он панҷ нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Зимни ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки имрӯзҳо  чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Спитамен низ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдкориву созандагӣ ҷараён дошта, сокинон бо рӯҳияи болида барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ омодагӣ мебинанд.

Ба истиқболи ҷашни таърихӣ мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 410 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 345 адади он маврди истифода қарор дода шудааст.

Декабрь 23, 2020 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд