Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати корӣ баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, муовини якуми Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят доир ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, алалхусус таъмини босифати нақшаи буҷети давлатӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, оқилона ва пурсамар истифода намудани заминҳои кишт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 11 моҳи соли равон, аз ҷумла вазъи таъмини нақшаи буҷети давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят маълумоти муфассал дод.
Мавсуф таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуд. Инчунин моҳҳои январ — ноябри соли равон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2220,98 миллион сомонӣ тасдиқ гардида, ба буҷет 2126,9 миллион сомонӣ ворид гардид.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки 11 моҳи соли равон дар вилояти Суғд ҳаҷми умумии гардиши савдо 9717,3 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 2977,7 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 82,6 ва 87,7 фоиз таъмин гардид.
Бо сабаби пандемия гардидани бемории сироятии COVID-19 ва ба тамоми ҷаҳон паҳн гаштани он нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ коҳиш ёфтанд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар 11 моҳи соли равон ба 1487,6 миллион доллари амрикоӣ расонида шуд, ки баробари 80,7 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Аз ҷумла, воридот 1185 миллион доллари амрикоӣ ва содирот 302,5 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда мутаносибан 73,9 ва 82,8 фоизро дар бар гирифт.
Муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар оид ба ҷараёни зимистонгузаронӣ дар шаҳру навоҳии вилоят гузориш дода, зикр дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корҳои ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят тадбирҳои судманд амалӣ шуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки баъди нашр ва пахши «Муроҷиатномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи Тоҷикистон» аз 9 декабр дар вилоят гурӯҳҳои ташвиқотӣ таъсис дода шудаанд. Ба ин гурӯҳҳои корӣ кормандони соҳаи идеологӣ, занон, ҷавонон, маориф, нигоҳдории тандурустӣ, бахши дин, шабакаҳои барқӣ, назорат дар соҳаи энергетика, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону зиёиён ва шахсони барӯманду фаъолони маҳаллаҳо шомил карда шудаанд.
Ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба таври муташаккилона оғоз гардида, дар назди ҷомеаҳои меҳнатӣ ва маҳаллаҳо бо мардум суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст.
Дар идомаи кори ҷаласа муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз масъулин ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба вазъи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуда, таъкид дошт, ки бояд ба сифати сохтмони иншооти ҷашнӣ эътибори зарурӣ дода шавад.
Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори Раиси вилоят аз 14 марти соли 2018 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.
Тибқи нақша, дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, соли 2020 бунёди 1895 иншоот ба нақша гирифта, амалан то ин давра 1897 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки 100,1 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра 5915 иншооти гуногун ба истифода дода шудаанд, ки 82,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.