«Нақши ВАО дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма /ВАО/ дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ» ҳамоиш доир гардид, ки дар он намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он масъалаҳои мубрами марбут ба нақши намояндагони ВАО дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар шароити тезутунд гардидани авзои ҷаҳони муосир матраҳ гардид.
Дар ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, намояндаи Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, муовини директори АМИТ «Ховар» Қаноатулло Сайфуллоев ва директори радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода роҷеъ ба нақши ВАО дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ раванди бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат, ки имрӯзҳо таҳти Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ босуръат идома дорад, сухан карданд.
Зикр шуд, ки асри 21 асри иттиллоот буда, ВАО дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳон ва аз ҳама беш дар таҳкими амнияти давлат, оромию субот ва ваҳдату ҳамраъии мардуми мамлакат ҷойгоҳи арзишманд дорад. Таъкид гардид, ки дар шароити бошитоб ва дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки садҳо падидаҳои номатлуб ва хатарҳоро пеш овардааст, бояд намояндагони ВАО бо донишу ҷаҳонбинии васеъ, касбият ва содиқ будан ба Ватан дар таҳкими суботу амният ва ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳми босазо гузоранд. Хусусан намояндагони ВАО нисбати паёмадҳои ҷаҳони муосир, ки қувваҳои бадхоҳу пасипардагӣ ва ифротӣ, ҳар гуна иттилооти бардурӯғу иғвоангезро дар фазои иттилоотӣ пахш намуда, манфиатҳои кишварҳои абарқудратро ҳимоя менамоянд, бо силоҳи худ-қалам муборизаи оштинопазир бурда, рисолати худро дар ҷомеа иҷро созанд. Зеро дар шароити кунунӣ, ки авзои ҷаҳон зуд-зуд тағйир меёбад ва бархе аз қувваҳои бадхоҳ, ки аз хориҷа дар камин истода, ба суи кишварамон сангпартоӣ менамоянд ва пешрату дастовардҳои Тоҷикистони муосирро чашми дидан надоранд, бояд намояндагони ВАО дар ҳифзи амнияти давлат ва пойдории суботи мамлакат зирак бошанд ва саҳми бориз гузоранд. Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки бояд дар кишвар холигии фазои итилоотӣ ҳамеша пур карда шавад, зеро қувваҳое ҳастанд, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки худ аз холигии фазои иттилоотӣ истифода менамоянд.











Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид






