Нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин сабқати ҷолиб футболбозони навраси тоҷик аз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Эрон бо ҳисоби 4:1 мағлуб шуданд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:4
Голҳо: Амир Иброҳимзада, 14 (0:1). Алиакбар Ранҷбар, 20 (0:2). Бежан Нишонбойзода, 58 (1:2). Муҳаммадреза Кушки, 77 (1:3). Ядегар Ростами, 83 (1:4).
Аз майдон ронда шуд: Солиҳӣ Муҳаммадзода (Эрон), 23 –
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Эрон:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (РШВСМ);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама – «Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Бозиҳои дӯстона
23 декабр (чоршанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) 1:4
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
26 декабр (шанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе








Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад






