Намояндаи Тоҷикистон ғолиби номинатсияи «Беҳтарин овозхон» дар Озмуни байналмиалии телевизионии «Во весь голос 2020» гардид

Декабрь 31, 2020 10:06

ДУШАНБЕ, 31.12.2020./АМИТ «Ховар»/. Паричеҳра Камолова дар озмуни ҷаҳонии телевизионии «Бо тамоми овоз» («Во весь голос 2020») дар номинатсияи «Беҳтарин овозхон» аз миёни 10 нафар довталабони даври ниҳоии озмун дар байни духтарон сазовор мақоми аввал гардид.

Паричеҳра Камолова 17-сола буда, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди  овозхони шинохтаи тоҷик Ҳасани Камол мебошад.

Дар озмуни мазкур дастаҳои ҳунарӣ  аз Россия ва дигар кишварҳои ИДМ ва аз  Исроил иштирок намуданд. Дастаи Россия беҳтарин даста ва гурӯҳи JAM аз Қазоқистон беҳтарин гурӯҳи ҳунарӣ дониста шуда, унвони беҳтарин овозхон дар байни писаронро Ефим Рабинович аз Исроил ба даст овард.

Озмуни «Бо тамоми овоз» ( «Во весь голос») имсол бори чорум аст, ки баргузор мегардад. Намояндагони Тоҷикистон қаблан ҳам дар ин озмун пирӯзӣ ба даст оварда буданд. Аз ҷумла, Амал Ҳафизова дар мавсими аввали ин озмун дар соли 2017 беҳтарин овозхон дар байни духтарон дониста шуд ва Афзалшоҳ Сафарзода  соли 2018 дар мавсими дуюм унвони беҳтарин овозхон дар байни писаронро  ба даст оварда буд.

Имсол барои интихоби номзадҳо ба дастаи Тоҷикистон барои иштирок дар ин озмун як мусобиқоти миллӣ доир карда буданд, ки тавассути ТВ «Баҳористон», шабакаи телевизионии махсуси кӯдакону наврасон намоиш дода шуд.

«Бо тамоми овоз» — озмуни мусиқие мебошад, ки ҳамаи овозхонони бомаҳоратро бо ҳам муттаҳид мекунад. Дар он наврасону ҷавонони аз 13 то 17-солаи боистеъдоди кишварҳои  Россия, Тоҷикистон, Гурҷистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон иштирок менамоянд.

Барои ҳар як даста як нафар ҳунарманди маъруфи кишварҳояшон ба сифати раҳомӯз мутасаддӣ гардидааст, то иштирокчиёнро дастгирӣ намуда, маслиҳат диҳад.

Ҳадафи озмун шинос намудани тамошобинон бо мусиқии маъруфи кишварҳои иштирокчӣ аст. Дар тамоми давраи баргузории озмун тамошобинон мусиқии халқӣ ва сурудҳои замонавиеро хоҳанд шунид, ки роҳбари даста бо иштирокчиён барои иҷро кардан  дар озмун интихоб намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки   озмуни мазкурро телевизиони «Мир» роҳандозӣ намудааст.

Декабрь 31, 2020 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад