ОГОҲӢ: 26-27 декабр дар Тоҷикистон бориши бошиддати борон ва барф дар назар аст

Декабрь 25, 2020 13:54

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ эҳтимоли ба амал омадани бориши шиддатноки борон ва барф дар назар аст. Ҳамзамон дар шохи дарахтон ва ноқилҳои барқӣ часпиши барфи тар аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. 26 декабр ҳарорати рӯзонаи ҳаво 6-8 дараҷа паст мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол бо шиддати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ дар назар аст. 25-27 декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (километрҳои 48 то 79-ум), Хоруғ-Ҷелондеҳ (Бидур-Вер) фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ин замина Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад, ки барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳи мошингард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ аз ҷониби наҷотдиҳандагони гурӯҳҳои вокуниши фаврии Кумита мунтазам назорат бурда мешавад. Зеро ин чораҳо ҳангоми хатари садамаҳои нақлиётӣ бар асари лағзиши тарма заруранд.

Инчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони ҷумҳурӣ хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо ба чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор набароянд.

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, хусусан ҳангоми истифодаи роҳҳо ва ағбаҳо аз ронандагони мошинҳои шишасиёҳ даъват мешавад, ки ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд намуда,  ҳама қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, то сабабгори садама дар роҳҳо нашаванд.

Кумита ба одамоне, ки аз бемориҳои дилу раг азият мекашанд, тавсия медиҳад, ки эҳтиёт кунанд ва ҳамеша доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд.

Дар ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои  112, 93 880 28 19, 221-91-19 ва  223-13-11 аз қисми навбатдории Кумитаи мазкур  ёрӣ хоҳанд.

Декабрь 25, 2020 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад