ОНҲО НАМУНАИ ИБРАТАНД! Дар Душанбе бо иштироки ҷоизадорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳфили адабӣ доир шуд

Декабрь 25, 2020 16:21

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Китоб-омили рушди  қобилияти зеҳнӣ» маҳфили адабӣ доир гардид. Дар он  барандаи «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»- хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова, ғолиби ҷойи якуми озмун дар номинатсияи адабиёти бачагона Фарзона Восиева, ғолиби ҷойи якум аз номинатсияи адабиёти муосир Шероз Бобохонов, ғолиби ҷойи дуввум аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ  ва устодону хонандагони муассиса иштирок доштанд.

Раъно Насриддинова зимни суханронӣ дар маҳфили адабӣ иброз дошт, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиҳон ва  озмоиши одӣ нест, балки  ин аз доираи озмуни одӣ берун буда, муаллими сахтгирест, ки имрӯз  ҷавонони моро аз ҳар ҷиҳат- ҳам аз тамаддуни тоҷик ва  ҳам аз  тамаддуни ҷаҳонӣ санҷиш мекунад. «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сарчашмаи бузурги маънавиёт ва тавоноии беандоза пурқудратест, ки идроку маънавиёти моро тақвият мебахшад. Бо эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» на танҳо таваҷҷуҳи аҳли илму адаб, мактаббачагон ва донишҷӯён ба мутолиа ва китоб бештар гардидааст, балки он такони ҷиддие барои ба китоб рӯ овардани қишрҳои дигари ҷомеа низ гардид».

Директори Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе» Асҳобидини Шералӣ зикр дошт, ки «ҳадаф аз баргузории маҳфил қадрдонӣ намудани ғолибон ва онҳоест, ки бештар китоб мутолиа намудаву дар ҷомеа чун китобхони беҳтарин муаррифӣ мешаванд».

Мавсуф зикр дошт, ки «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддуни тоҷик буда, яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани ҷомеа мебошад. Инчунин мутолиаи китоб сухандониву суханронии инсонро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбиниро васеъ ва касро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ месозад».

Ғолиби ҷойи якуми озмун дар номинатсияи адабиёти бачагона Фарзона Восиева дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «ман таҳсилкардаи муассисаи мазкур мебошам. Дар ғолибияте, ки имрӯз ба даст овардаам, саҳми устодони ин даргоҳ низ ҳаст ва ба онҳо сипоси бендозаамро ирсол медорам. Ба муҳассилине, ки дар ин даргоҳ таълим мегиранд, хоҳони онам, ки бештар мутолиа намоянд».

Мавсуф зикр дошт, ки «ин иқдоми Сарвари давлат, ки тӯли ду сол аст доир мегардад, сабаби  болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа гардидааст».

Сипас аз ҷониби хонандагони Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо ғолибон суҳбати озоду самимӣ доир гардид. Ғолибон ба онҳо тавсия доданд, ки барои расидан ба қуллаи мурод талошҳои пайваста намуда,   ҳадафи асосии худ мутолиаи бештари китобҳои гуногуни илмию бадеиро қарор диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, сазовори 48 ҷоий ифтихорӣ гардиданд.

Декабрь 25, 2020 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид