Раҷаби Мардон: «Интихоби мавзӯъ ва омода кардани мавод яке аз омилҳоест, ки метавонад журналистро муваффақ гардонад»

Декабрь 14, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Мактаби таҷрибаҳо»-и Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» вохӯрии навбатии рӯзноманигорон ва донишҷӯёни бахшҳои журналистикаи донишгоҳҳои мамлакат бо собиқадори матбуот ва телевизиони тоҷик Раҷаби Мардон гузаронида шуд.

Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, ки дониш силоҳи асосии журналист мебошад. «Як чиз муҳим аст, бар назари ман, ҳар касберо, ки интихоб мекунӣ, пеш аз ҳама, бояд онро дӯст дошт. Вақте ки шумо касби худро дӯст медоред, ҳалол кор мекунед, ном пайдо мекунед. Шумо, ки ном пайдо кардед, ин ном барои шумо нон меорад,  обрӯ меорад, нуфуз меорад, эътибор меорад, ифтихор меорад»,-таъкид кард директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон.

Зинатуллоҳ Исмоилзода оид ба фаъолияти Раҷаби Мардон сухан карда, гуфт, ки устод дар журналистикаи тоҷик аз зумраи нафаронест, ки бо сабки хоси худ дар бахши иқтисодӣ маводи таҳлилию иттилоотии зиёде таҳия кардааст. Бинобар ин мактаби Раҷаби Мардон барои рӯзноманигорони оянда манбаи пайравист.

Раҷаби Мардон аз қабили рӯзноманигоронест, ки пас аз хатми донишгоҳ фаъолияташро дар матбуот оғоз намуда, бо навиштаҳои ҳадафманди худ дар рушди журналистикаи тоҷик саҳми намоён гузоштааст.

-Барои журналисти муваффақ шудан таҳсил дар донишгоҳ кофӣ нест. Зеро донишгоҳ ба шахс танҳо роҳ нишон медиҳад. Бинобар ин бояд оид ба соҳаҳои гуногун  дониш омӯхт ва савияи ҷаҳонбинии худро васеъ кард. Боқӣ аз кӯшишу меҳнат ва садоқати худи инсон ба ҷодаи пешгирифтааш вобаста аст,- мегӯяд Раҷаби Мардон.

Ҷодаи журналистӣ ва олами сухан роҳи пуршараф буда, қалби поку андешаи созанда мехоҳад.  Интихоби мавзӯъ ва омода кардани маводи хуб ҳам яке аз омилҳоест, ки метавонад журналистро муваффақ гардонад. Доштани иттилоъ ва далелҳои дақиқ имкон медиҳад, ки бо истифода аз онҳо маводи хубе ба нашр расанд.

Мавсуф аз фаъолияти худ дар ВАО ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар дар замони пеш имконияти техникӣ маҳдуд буданд. Имрӯз  имконоти техникӣ ва технологӣ рушд намудаанд ва аз онҳо бояд самаранок истифода бурд. Аз ин лиҳоз аз рӯзноманигорони навқалам даъват кард, ки барои пешрафти кори худ аз шароити муосир самаранок истифода баранд.

Зимни ҳамоиш миёни иштирокчиён ва Раҷаби Мардон саволу ҷавоби ҷолиб сурат гирифт. Раҷаби Мардон ба рӯзноманигорон ва донишҷӯёни  бахши журналистика  барои пешрафти фаъолияти минбаъда  маслиҳатҳои муфид дод. Доир намудани мулоқоти мазкур барои шиносоии насли нави журналистон бо мактабҳои журналистӣ ва рӯзноманигорони соҳибтаҷриба замина фароҳам меорад. Ин панҷумин мулоқотест, ки дар доираи лоиҳаи «Мактаби таҷрибаҳо» амалӣ мешавад. Қаблан, дар ин маҳфили пайвандгари наслҳои гуногуни журналистикаи тоҷик собиқадорони соҳа Шералӣ Мустафоқулов, Зулфия Атоӣ, Абдулқодири Раҳим ва Рафоат Абдусаломова иштирок намуда, аз таҷрибаи хеш нақлҳои ҷолиб карданд.

Декабрь 14, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад