Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Душанбе омад

Декабрь 21, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати баландпояи Афғонистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Душанбе омад. Субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сафари ҳайати ҳукумати Афғонистон ба Душанбе ду рӯз идома хоҳад кард. Ҳайатҳои ду давлат таъсиси лоиҳаи дипломатии муштаракро барои таъмини раванди сулҳ дар минтақа баррасӣ мекунанд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз мулоқоти Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мамадтоҳир Зокирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба нақша гирифта шудааст.

Фардо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд.

Қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки 16 декабр дар Кобул баргузор шуд, хабар дода буд. Зимни мулоқот мавзӯъҳои сафари қарибулвуқӯи Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон ва ҳамкории минбаъдаи ду кишвар баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот Абдуллоҳ Абдуллоҳ Тоҷикистонро ҳамсояи нек, дӯсту бародар ва кишвари барои Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки сафари ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш ба Тоҷикистон бо дастовардҳои чашмрасе барои ду давлат анҷом меёбад.

Акси аввал аз бойгонӣ

Декабрь 21, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд