Раъно Насриддинова соҳиби «Шоҳҷоиза»-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020 гардид

Декабрь 18, 2020 19:34

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми 18 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон соҳиби «Шоҳҷоиза»-и озмуни мазкур дар соли 2020 Раъно Насриддинова — хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент гардид. Ба ғолиби «Шоҳҷоиза» Диплом ва 60 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.

Дар маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур,  волидайни иштирокдорон  ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Маросими тантанавиро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»   баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки дар ҳақиқат мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд».

Мавсуф иброз дошт, ки «ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ мегарданд».

Инчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Вазорати маориф ва илми мамлакат, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, барои тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва баҳри шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайти доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Озмуни имсола аз соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, номинатсияҳо ба се гурӯҳ – миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) ҷудо ва теъдоди ҷойҳои якуму дуюму сеюм зиёд гардид.

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Рухшона Норова, хонандаи синфи 8 аз шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи якум, Рухшона Афзалзода аз ноҳияи Айнӣ, Саидамир Боқиев аз шаҳри Душанбе, Шукрона Хуҷамқулова аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм, Раҷабалӣ Абдусаломзода аз ноҳияи Данғара, Меҳронаи Абдулло аз ноҳияи Ховалинг соҳиби ҷойи сеюм, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Сарвиноз Саидова, донишҷӯи курси дуюми ДМТ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Ҷавоҳир Ашӯрова аз шаҳри Хуҷанд, Сулаймони Аҳтам аз ноҳияи Тоҷикобод, Султон Каримов аз ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи дуюм, Фархунда Шодиева аз шаҳри Бохтар, Шаҳло Ёрмухамедова аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм, миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Сарфарозиддин Иморуддинов, омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи аввал, Оқил Осимӣ аз шаҳри Бӯстон, Сиратулло Зоиров аз шаҳри Душанбе, Дилафзун Раҳмонова аз шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи дуюм, Раҳима Ҳидоева аз ноҳияи Мастчоҳ, Меҳринисо Сатторова аз ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи аввал Диплом ва маблағи 30 000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20 000 ва 15 000 сомонӣ тақдим гардиданд.

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Рухшона Бобозода, хонандаи синфи 11 аз ноҳияи Файзобод соҳиби ҷойи якум, Собирҷон Саидзода аз шаҳри Душанбе, Наргис Абдуллоева аз шаҳри Ҳисор, Гулзода Шералиева аз ноҳияи Айнӣ соҳиби ҷойи дуюм, Муҳаммад Шарипов аз шаҳри Душанбе, Зебунисои Азизиён аз ноҳияи Деваштич соҳиби ҷойи сеюм, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шероз Бобохонов, донишҷӯи курси 2, ДМТ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Гулафзо Пирова аз шаҳри Душанбе, Парвина Самандарзода аз шаҳри Душанбе, Мадина Зоирова аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм, Хосияти Шаҳобиддин аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Моҳинав Аҳмадзода аз шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи дуюм, миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Гулбаҳор Раҳимова, омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи якум, Далерҷони Бозор аз ноҳияи Муъминобод, Азамат Шамсиддинова аз шаҳри Душанбе, Бахтинисо Низомова аз шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи дуюм, Нилуфар Одинаева аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Хайрулло Ғафуров аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардиданд.

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Шоина Мабатқадамова, хонандаи синфи 5 аз ВМКБ соҳиби ҷойи якум, Муҳиба Шарифова аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Сурайё Саидзода аз шаҳри Душанбе, Нигора Раҳмонова аз ноҳияи Файзобод соҳиби ҷойи дуюм, Ҳадиса Муъминова аз шаҳри Истаравшан, Мутриба Қурбонова аз шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи сеюм, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Фарзона Восиева, донишҷӯи курси сеюми ДМТ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Сайёҳат Маҳмадавлатова аз ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи дуюм, Сорбон Бобоева аз шаҳри Бохтар, Малика Мавлонова аз ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи сеюм, миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Фарзона Темурзода аз ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи дуюм, Маҳмурод Раҳмонов аз шаҳри Бохтар, Тоҷинисо Давлатова аз шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардиданд.

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Нозанин Саидзода аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Мадинаи Ҷамолиддин аз шаҳри Душанбе, Самина Саидова аз шаҳри Душанбе, Сайидо Шарапов аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм, Шарифамо Одинамамадова аз шаҳри Хоруғ, Муродҷон Бойсаризода аз шаҳри Исфара соҳиби ҷойи сеюм,  миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шабнам Одинаева, донишҷӯи курси дуюми ДМТ аз шаҳри Душанбе, Хуршед Қурбонов аз шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи якум, Дилфуза Аҳмадҷонова аз шаҳри Душанбе, Нодира Ханҷарова аз шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи дуюм, Мавлуда Атаҷонова аз шаҳри Левакант, Дилбар Тошматова аз ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи сеюм, миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Нӯшофарин Хидирова, омӯзгор аз шаҳри Истиқлол соҳиби ҷойи якум, Рузигул Боякова аз шаҳри Душанбе, Олга Ҷӯраева аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Маликахон Очилова аз ноҳияи Дӯстӣ соҳиби ҷойи дуюм, Аҷикулло Ҳусейнов аз ноҳияи Данғара, Зумрад Абдуллоева аз шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардиданд.

Дар номинатсияи шоирӣ Мафтуна Назарова, корманди нашрияи «Зарафшон» аз шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи якум, Шобегим Маликова аз шаҳри Душанбе, Шаҳноза Пирова аз шаҳри Норак соҳиби ҷойи дуюм ва Малоҳат Толибовааз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардиданд.

Дар баробари ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 нафар иштирокчии фаъоли озмун ифтихорнома ва туҳфаи молӣ ба маблағи 1000 сомонӣ супорида шуд. Ҳамчунин ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин бо пешниҳоди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 нафар иштирокчии фаъол, ки хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд, роҳхат барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода шуд ва бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон се нафар бо нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Инчунин барои иштироки фаъолона ҷои аввал ба шаҳри Душанбе, ҷои дуввум ба вилояти Хатлон, ҷои сеюм ба вилояти Суғд ва ҷои чорум ба навоҳии тобеи марказ сазовор дониста шуд.

Тавре зимни суҳбат гирандаи «Шоҳҷоиза»-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020 Раъно Насриддинова иброз дошт: «Сазовор гардидан ба «Шоҳҷоиза» инсонро дучанд масъулиятнок мегардонад. Ҳиссиётеро, ки ин лаҳзаҳо ман дорам, ба ҳамаи иштирокчиён хоҳонам».

Мавриди зикр аст, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, аз иштирокчиён маҳорати баланд талаб намуд.

Дар ҷамъбаст барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ин озмун  беҳтарин китобхонҳову чароғҳои рӯшан ва нури фурӯғи субҳи доноии тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷалб гардиданд.

Ҳадафи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, такмили суханварию сухандонии мардум ва аз нозукиҳою ғановати забони модарии хеш огоҳ гардидани доираи васеи сокинони мамлакат мебошад. Дар баробари ин, барои он ки сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии аҳли мутолиа ва огоҳии онҳо аз адабиёти хориҷӣ муйян гардад, дар шартҳои озмун донистани адабиёти бадеии мамлакатҳои хориҷӣ низ ҷой дода шуд, ки ин барои боз ҳам бештар тавсеа ёфтани афкори адабии мардуми мо дар самти шинохти адабиёти ҷаҳонӣ мусоидат карда метавонад.

Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «…китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Тавре дар Паёми навбатӣ 26 декабри соли 2019 Сарвари давлат таъкид намуданд, «минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор ва ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад».

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2020 19:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад