Роҳҳои оҳани Россия барои интиқоли сабзавот аз Тоҷикистон ва Ӯзебакистон дар соли 2021 50% тахфиф ҷорӣ мекунанд

Декабрь 22, 2020 11:29

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои оҳани Россия (РОР) соли 2021 тарифҳои интиқоли металҳои сиёҳ, контейнерҳо, контрейлерҳо ва маҳсулоти меваю сабзавотро дар як қатор самтҳо коҳиш медиҳанд. Аз ҷумла, барои ба Россия  ворид намудани меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 50% тахфиф пешбинӣ шудааст, менависад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маълумоти РОР.

«Аз 1 январи соли 2021 то 31 декабри соли 2021 барои интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Россия тавассути вагонҳои яхдондори марбут ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»ва ҶСК» Ӯзбекистон «Темир Юллари» «50% тахфиф пешбинӣ шудааст», — гуфта шудааст дар изҳороти РОР.

Давоми тамоми соли 2021 барои интиқоли контейнерҳои пурбор дар таркиби қаторҳои контейнеркашон аз истгоҳҳои марказии москвагии (Ховрино ва Электроугл) ба Екатеринбург (ба истгоҳҳои Екатеринбург-Товарный, Екатеринбург-Сортировочный ва Шарташ) 14,8% тахфиф ҷорӣ карда мешавад, ба шарте ки қатора на камтар аз 100 TEU (ҳамсони  контейнери 20-фута) бор карда шавад, аз ҷумла ҳадди аққал 50 TEU контейнери пурбор. Барои фиристандагони борҳо ҷиҳати интиқоли контейнерҳои пурбор дар таркиби қаторҳои контейнеркаш аз истгоҳи Кунтсево II (Москва) ба истгоҳи Екатеринбург-Товарний бо дарназардошти ҳаҷми бори ба қатораҳо боршуда аз 7,7 то 16,2% тахфиф пешбинӣ шудааст.

Барои контейнерҳои пурбор, ки дар ҳайати қатораҳои контейнеркашон интиқол меёбанд, инчунин барои интиқоли контрейлерии (назоратшаванда) дар қаторҳои автомобилҳо, трейлерҳо, нимаядакҳо ва бордонҳои ҷудошавандаи мошинҳо, ки дар ҳайати қаторҳои контейнерӣ дар платформаҳои махсус ба масофаи то 2 ҳазор км интиқол дода мешаванд, 6,3% тахфиф пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар давраи аз 1 июли соли 2021 то 31 октябри соли 2021 барои интиқоли  мева ва сабзавот дар дохили Россия тавассути  вагонҳои пӯшида аз истгоҳҳои роҳи оҳани Волга ва Кавкази Шимолӣ ба истгоҳҳои роҳи оҳани Куйбишев, Москва, Октябр, Горкий, Свердлов  то 3 ҳазор км 41% тахфиф пешбинӣ шудааст.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, моҳи ноябри соли равон Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳангоми сафари худ ба Москва дар мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ин мавзӯъро ба миён гузошта буд. Рустами Эмомалӣ зикр карда буд, ки зарфияти сармоягузорони Россия дар Тоҷикистон ҳанӯз пурра татбиқ нашудааст ва бояд минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои афзоиши нишондиҳандаҳо дар ин самт истифода шаванд.

Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, ба васеъ кардани номгӯи мева ва сабзавоти босифати содиротӣ ба бозори Россия алоқаманд мебошанд.

АКС аз бойгонии АМИТ  «Ховар»

Декабрь 22, 2020 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид