Сафири Тоҷикистон ба Президенти Украина Эътимоднома супорид

Декабрь 14, 2020 15:25

 ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар Киев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода зимни маросими супурдани эътимодномаҳои сафирони навтаъйини кишварҳои хориҷӣ Эътимодномаи худро ба Президенти Украина Владимир Зеленский тақдим намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросим Сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Украина расонид.

Пас аз пазируфтани эътимодномаҳо Президенти Украина В.Зеленский сафиронро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданашон табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба густариши бештари ҳамкории Украина бо кишварҳои шарик, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 14, 2020 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд