Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Декабрь 12, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 12.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр бо ибтикори Палатаҳои иқтисодии Австрия (WKO) форуми иқтисодӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Палатаҳои иқтисодии Австрия ва зиёда аз 50 ширкати истеҳсолӣ ва тиҷоратии ин кишвар, инчунин намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бахши ихтисосии ҳамоишро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда,  намояндаи Вазорати иқтисод ва савдо дар мавзӯи «Дурнамои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Австрия», намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар мавзӯи «Дурнамои сармоягузорӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузоришҳои соҳавӣ пешниҳод намуданд.

Форуми мазкур барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар самтҳои авлавиятноки иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ин кишварҳо бо Австрия мусоидат кард.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 12, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд