Шоми имрӯз гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020 муайян мегардад

Декабрь 18, 2020 14:31

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинатсия муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар даври ҷамъбастии озмун, ки аз  7 то 15 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид,  269 нафар довталаб- аз он 10 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

17 декабр  дар ин макон барои дарёфти Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 5 нафар иштирокчӣ, ки инҳо хонандаи синфи 8 аз шаҳри Панҷакент Рухшона Норова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова,  омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд Сарфарозиддин Иморуддинов, омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ Гулбаҳор Раҳимова ва омӯзгор аз шаҳри Истиқлол Нӯшофарин Хидирова буданд, ҳунарнамоӣ намуданд.

Барои дарёфти Шоҳҷоиза иштирокчиён аз рӯйи 5 номинатсия: «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» ва номинатсияи «Шоирӣ» санҷида шуданд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2020 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад