Сокинони ноҳияи Дарвоз туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон»-ро дастрас намуданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз оғози моҳи декабр тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Дар ҳамин замина, аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурали Собирзода ба ҳар хонаводаи ноҳияи Дарвоз низ китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Нуралӣ Собирзода ба манзилҳои истиқоматии як зумра собиқадорони меҳнат ва сокинони ноҳия, аз ҷумла собиқадори соҳаи тандурустӣ Исроил Қаноатов, собиқадори меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ Ҳайдаршо Акбаров, собиқадори меҳнат, профессор Амиршо Маҳрамов ва сокини ҷамоати деҳоти Қалъаихумб Сурайё Шоева рафта, онҳоро аёдат намуда, ин туҳфаи Пешвои миллатро тақдим кард.
Зимни тақдими туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ширкат намуданд.
Ҳамчунин гурӯҳи корӣ бо мардуми ноҳия вобаста ба истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, сарфаи неруи барқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи илму ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, фарҳангпарварӣ, ободкориву созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбату вохӯриҳо анҷом дод.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






